img
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТ: ТАМОЮЛҲО, ҶОЛИШҲО ВА ДУРНАМО”

Имрӯз, 16 декабри соли ҷорӣ дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии шарикони рушд мизи мудаввар дар мавзӯи “Равандҳои муҳоҷират: тамоюлҳо, чолишҳо ва дурнамо” баргузор гардид.

Дар кори конфронс Амонзода Ширин Шодӣ – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сезин Синаноглу – Ҳамоҳангсози Доимии СММ дар Тоҷикистон, Кристина Ҷеорҷ Транка – Роҳбари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, шарикони иҷтимоӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор аз тариқи мустақим ва маҷозӣ иштирок доштанд.

Мақсади асосии ташкили мизи мудавар ин баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ бо иттилоот доир ба муҳоҷирати бехатар, қонунӣ ва танзимшаванда мебошад.

Дар идомаи мизи мудавар доир ба масъалаҳои таъмини татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи муҳоҷират: афзалиятҳо ва дурнамо, истифодаи иқтидори интиқоли маблағ барои рушди тиҷорати хурду миёна, равишҳо ба реинтегратсияи иқтисодӣ барои шахсони осебдида аз муҳоҷират дар Тоҷикистон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: натиҷаҳои пешакӣ, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, арзёбии вазъи равониву иҷтимоӣ ва иқтисодии занони муҳоҷират дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Кулоб, муаррифии ташаббусҳои MIEUX+ (ICMPD) оид ба муҳоҷират, мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва нақши намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия ҷиҳати ҳали онҳо, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷанбаҳои афзалятдоштаи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон барои таъмини кор дар хориҷи кишвар рӯнамоҳо ва маърузаҳо манзур гардиданд.

Аз натиҷаи мизи мудаввари мазкур доир ба масъалаҳои муҳокимашуда тавсияҳо қабул гардиданд.

16.12.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ