Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» хатсайри нави автобусҳо ташкил шуд, ки он аз бозори «Фаровон»- маҳаллаи Кайҳоннавардон то гардиши маҳаллаи «Хатлон»-ро дар бар мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар.
Дар айни замон дар ин хатсайр ду автобус мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида фаъолият дорад. Аз хизматрасонии ин хатсайр меҳмонон ва сокинони маҳаллаҳои Кайҳоннавардон, Ҳоҷӣ Шариф, Ҷалолиддини Балхӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Борбад, Навобод ва қисман Хатлон истифода мебаранд.
Корхонаи «Бохтарнақлиётхизматрасон» тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик хатсайрҳои дохилишаҳрии бозори «Фаровон»-гардиши маҳаллаҳои Маданият, бозори «Фаровон» – маҳаллаи «Хатлон» ва хатсайри берун аз шаҳрии Бохтар-Левакант низ ташкил намояд.