img
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МУШТАРАКИ ТАРАФҲО ВА ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

Дар доираи таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳо байни вазорату идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.

Дар ин замина ҳайати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мухитдинов Эркин Мадорбекович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ба ҳайати мазкур мушовири пешбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сардорони сохторҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомиланд.

Дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ гурӯҳи кории муштараки тарафҳо таъсис дода шудааст.

Рӯзи 1 июл ҷаласаи гурӯҳи кории мазкур доир гардида, ҳисобот оид ба ҷараёни иҷрои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо ва дигар санадҳои ҳамкории баимзорасида шунида ва баррасӣ карда шуд.

 

Ҳамзамон, 6 санади ҳамкории дигар, аз ҷумла: Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”;

 

Протокол оид ба ҳамкорӣ байни МД “Маркази таълими калонсонони Тоҷикистон” ва Мономаркази “Ишга марҳамат”-и шаҳри Тошканд;

Ёддошти тафоҳуми оид ба ҳамкорӣ миёни МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Курсҳои ҷумҳуриявии такмили ихтисосои кормандони мақомоти меҳнати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ байни Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент ва Маркази омӯзиши касбии шаҳрвандони бекори шаҳри Самарқанд ва Протоколи оид ба ҳамкорӣ миёни Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи шуғли вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маркази таълими касбии шаҳри Самарқанд ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои минбаъда байни сохторҳои вазоратҳои ҳар ду тараф ба имзо расид.

 

05.07.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ