img
ЭЪЛОН!


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 барои ҳунармандони довталаб озмун эълон менамояд.

                                                                                                         
Бояд дарҷ намуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҷудо гардида, ҳар як грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона карда шудааст.

 

Номгӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмун:


 - ариза ба унвони раиси Комиссия;
 - маълумот дар бораи ҳунарманд;
 - нусхаи шиноснома;
 - 2 дона акси 3×4;
 - нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
 - маълумотнома аз маҳалли истиқомат;
 - ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, (агар тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бақайдгирӣ талаб карда шавад);
- лоиҳаи асосноккардашудаи ҳунарманд дар бораи самти фарогирии ҳунаре, ки дорад ва минбаъд онро рушд медиҳад;
 - ҳуҷҷатҳои дигаре, ки довталаб ба озмун пешниҳод намудани онҳоро зарур медонад.


Дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмун танҳо бо забони давлатӣ қабул карда шуда, муҳлати пешниҳоди онҳо як моҳ, яъне аз 1 март то 1 апрели соли 2024 муқаррар шудааст.

 

Суроға: ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ 5/2, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи 1, №8.


Телефонҳо барои тамос: 2503239; 2503207.
 

27.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ