img
“ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ ЗАНОН ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ”

Поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи занон дар давраи ҷангҳои ҷаҳонӣ ҷомеаи байналмилалиро водор намуд, ки санади универсалии ифодакунандаи ҳуқуқи занонро ба тасвиб расонанд.  Ҳамин боис шуд, ки бо ин мақсад якчанд санадҳои байналмилалӣ ба монанди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ, қатъномаи 34/180-и СММ аз 18-уми декабри соли 1979, Конвенсия оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон ва Эъломия оид ба рафъи табъиз нисбати занон 20-уми декабри соли 1993 тасдиқ карда шуданд. Мақсади ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабули санадҳои дар боло зикршуда барҳам задани табъиз нисбати занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳаётӣ мебошад. Дар ду паймонҳои байналмилалӣ ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии занон кафолат дода шудааст.


Дар моддаи 1-и Конвенсия оиди барҳам задани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон табъиз нисбати занон ҳама гуна фаҳмият, хориҷкунӣ ё маҳдудсозӣ бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардонӣ, истифода ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва соҳаҳои дигар аз ҷониби занон сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст, маънидод карда шудааст.


Дар сатҳи миллӣ низ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19-уми марти соли 2013, Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Оиди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул шудаанд, ки баҳри амалисозии ҳуқуқи занон ва мустаҳкамкунии муносибатҳои оилавӣ замина мегузоранд. 


Чунончи мақсади Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ҳимояи ҳуқуқи оила ҳамчун асоси ҷамъият, андешидани тадбирҳо баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила, бартараф намудани сабабу шароитҳои барои зӯроварӣ мусоидаткунанда ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошанд. Ҳамчунин дар санади мазкур салоҳиятҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила мустаҳкам гардидаанд. Ҳамин тариқ, риояи ҳуқуқи занон боиси ташаккули ҷомеа, хушбахтии оилавӣ ва ба воярасии насли солиму эҳтиромкунандаи ҳуқуқи занон мебошад. Бо мақсади таъминкунии ҳуқуқи занон паҳн намудани ғояи солим дар байни насли наврас оиди ҳуқуқи занон, ҳарчи бештар намудани шумораи занони соҳибмаълумот ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин муҳимияти таҳия ва эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ аз шаходати баланд гардонидани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии занон, ҷиҳати бунёди фарзанди солим, оилаи солим ва ҷомеаи солим мебошад. Бо дарназардошти муҳимияти масъала вазорат барои ба шуғл ва омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун ҷалб намудани аҳолӣ, бахусус занону ҷавонон афзалият ва аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар ин ҷода мунтазам тадбирҳои муассирро тарҳрезӣ ва амалӣ менамояд.


Тибқи маълумот дар панҷ соли охир ба мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат маҷмӯан 273,0 ҳазор нафар занон муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 202,0 ҳазор нафар ба ҳайси корҷӯ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 143,1 ҳазор нафар занҳои бекор бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд, ки ба 52,4 фоиз аз шумораи умумии занҳои муроҷиатнамуда баробар мебошад. Аз ҷумла дар ҳамин давра тавассути ҷойҳои кории бандшуда, яъне квотаҳо дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ 13,9 ҳазор нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.


Бо мақсади ба шуғли муваққатӣ ҷалб намудани занон мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси қарордод бо корфармоён 9,4 ҳазор занҳои бекорро ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар намуданд ва бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 1,1 млн. сомонӣ иловапулӣ ба музди меҳнат дода шуд. Дар баробари ин бо мақсади дастгирӣ намудани ташаббуси занон ҷиҳати машғул шудан ба соҳибкории хурд аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат ба 7,9 ҳазор нафар зан ба ҳисоби миёна ҳамасола дар ҳаҷми 6,0 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзноки бефоиз дода шуд.


Бар замми ин, дар давраи мадди назар ба 927 нафар занҳои бекор ба маблағи 869,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт шуда, ба 13,6 ҳазор нафар хизматрасониҳои машварати касбӣ расонида шуд.
Ҷиҳати ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани занону духтарон дар панҷ соли охир бо роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои низоми таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, яъне ба таври ройгон 60,0 ҳазор нафар занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун ҷалб карда шуданд. Тайи чанд соли охир майлу рағбати занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ ва муосир тамоюли афзоиш дорад ва дар ин ҷода вазорат барои ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо шароити заруриро матраҳ намудааст.


Бо мақсади дастрасии васеи занону духтарон ба омӯзиши касбу ихтисосҳои ғайрианъанавӣ, фароҳамсозии шароити мусоид ва имконияти иловагӣ барои бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо аз рӯи ин касбу ихтисосҳо, ба даст овардани музди меҳнати арзанда ва ба ин васила баланд бардоштани даромади оилаҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №568 “Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” қабул ва тасдиқ карда шуд.      Бо тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шудани ин санад, номгӯи корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ шуда буд аз 336 то ба 194 номгӯй кам карда шуд, ки ин тадбир барои занону духтарон имконияти иловагии бокортаъминшавӣ, ба даст овардани музди меҳнати баланд ва беҳдошти шароити зиндагиро фароҳам меорад.


Бояд қайд намоям, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боби 16 он оид Хусусияти танзмими меҳнати занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавиро доранд бахшида шудааст ва 215м дар танзими маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва  дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, корҳое ки дар он истифодаи меҳнати занон маън аст, Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, танаффус барои ғизои кӯдак, муқаррар кардани вақти нопурраи корӣ барои занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд, маҳдудияти истифодаи ҷамъи баҳисобгирии вақти корӣ барои занони ҳомила, муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то як солаву шашмоҳа доранд, кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадории оилавӣ доранд, ҳангоми муқаррар намудани навбати пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рухсати барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, рухсати барои нигоҳубини кӯдак, кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо, рухсатии корманде, ки кӯдакони навзодро фарзандхон кардаанд ё васии онҳо мебошанд ва инчунин кафолат ва имтиёзҳо ба шахсоне, ки кӯдаконро бе модар тарбия мекунанд, ба танзим медарорад.  Ҳамин тавр, дар мақолаи худ бо итминони комил қайд менамоям, ки вазорат ҷиҳати дар сатҳи арзанда татбиқ намудани ҳифзи ҳуқуқҳои занон пайваста талош меварзад ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла ҳифзи меҳнати занон татбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд.

 


Cардори шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии 
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодуров Сафарбек Ҷурабекович 


 

13.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ