Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар оилаи мамлакат даъват намуданд, ки ба муҳлати то ду сол маводи зарурии ғизоӣ захира намояд. «Бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст, — изҳори нигаронӣ намуданд Сарвари давлат. — Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад».
Пешвои миллат дар идома таъкид намуданд, ки ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд. «Дар шароити бисёр мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир мо бояд боз ҳам бештар заҳмат намоем, замину обро самараноку оқилона истифода барем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем ва барои амалисозии ҳадафи стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро гузорем», — тазаккур доданд Президенти Тоҷикистон.