img
МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ КОТЯКОВ А.

3 марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи вазорат мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Антон Котяков, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар мулоқот доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар доираи санадҳои баимзорасида, аз ҷумла Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи меҳнат мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аз ҷониби вазорат оид ба самтҳои фаъолият рӯнамоҳо ва пешниҳодҳо манзур шуда, ҷониби вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ иброз намуд.

Зимни ташриф ба вазорат вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Антон Котяков аз МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” боздид ба амал оварда, бо заминаи моддию техникии муассиса шинос шуд.

04.03.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ