Масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар ин самт фаъолият ба таври густарда ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, корбарӣ ҷиҳати ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор (EPS) дар Ҷумҳурии Корея, ки имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар асоси шартнома бо кор таъмин шаванд, идома дорад.
Бо ин мақсад ҳайати намояндагони вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея ва Хадамоти иттилоотии шуғли Корея аз 5 то 8 декабри соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳанд. Ҳайати мазкурро рӯзи аввал вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои омода намудани мутахассисонро барои кор дар Ҷумҳурии Кория мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сипас дар маҷлисгоҳи вазорат таҳти роҳбарии муовини вазир Нодирӣ Шаҳноза мулоқоти роҳбарони сохторҳои вазорат бо ҳайати меҳмонон аз Корея сурат гирифта, рунамоҳо аз фаъолияти сохторҳои вазорат пешниҳод гардид.
Ҷиҳати шиносоии бештар бо фаъолияти муассисаҳо оид ба омода кардани қувваи корӣ ҷиҳати кор дар хориҷи кишвар ҳайати Ҷумҳурии Корея аз МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Коллеҷи муҳандисию омӯзгорию шаҳри Душанбе” дидан намуданд.
Инчунин, ҳайати мазкур бо масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир намуда, бо фаъолияти Маркази саломатии №15 шинос гардиданд.