img
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БИСЁРҶОНИБА  ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рақамикунонии босуръати иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди инфрасохтори кишвар ва хизматрасониҳои рақамӣ дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст. Дар ин самт соли дуюм аст, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар самти меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият дошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо шарикони рушд ба роҳ мондааст.

25 августи соли ҷорӣ ҷаласаи навбати Шурои мазкур баргузор гардид, ки ҳадафи он  ҷалби донорҳо ва шарикони ҷиҳати рушд мусоидат ба раванди ислоҳоти соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муаррифии Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва тавсеаи шуғли пурмаҳсул барои сокинони ҷумҳурӣ, инчунин фароҳам овардани имконият барои гузаронидани таҳқиқоти равандҳои танзими муҳоҷират мебошад.

Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар доир шуда, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, прокуратураи генералӣ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 якҷо бо Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №309 қабул гардида, мақсад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Дар кори ҷаласа роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони шарикони рушд, донорҳо, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони сафоратҳо, коршиносон ва масъулини ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи муҳоҷират ширкат намуданд.

Аз ҷониби вазорат Стратегияи  танзими равандҳои муҳоҷират то соли 2040 ва  Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 муаррифӣ ва лоиҳаи барномаи рақамикунонии “Системаи ягонаи иҷозатдиҳии Хадамоти муҳоҷират” рӯнамо гардид.

Зимни ҷаласа самтҳо нав ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва рушди минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон пешниҳоду тавсияҳои судманд манзур гардиданд.

 

 

25.08.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ