img
Гузаштан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

Бо мақсади иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар вазорат ва сохторҳои он ҳама намуди хизматрасонӣ ва фаъолият ба тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина Фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 2023, №74 ба тасвиб расида, ҷиҳати иҷро дастраси сохторҳои вазорат карда шуд.


Инчунин, дар мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ,ахши иттилоотӣ бо ду воҳиди корӣ ва як адад воҳиди кории мутахассис барномасоз аз ҳисоби басти воҳидҳои кории ҳайати хизматрасон фаъолият менамоянд.


Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мақомоти Агентӣ асосан тавассути марказҳои таълимӣ касбии системаи он анҷом дода мешавад. Пардохти маблағи касбомӯзӣ аз шаҳрвандон тавассути худмаблағгузорӣ ва эътирофи салоҳияти касбӣ ва валидатсия ба суратҳисоби махсуси марказҳои таълимӣ тариқи ҳамёнҳои мобилии онҳо ва кортҳои пластикӣ ба QR-рамз ворид карда шуда, раванди мазкур бо роҳи ташкил намудани ПОС-терминалҳо, яъне пайвастшавии фосилавии наздик тавассути филиалу шуъбаҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар бонкҳои хизматрасон анҷом  дода мешавад.


Феҳристи хизматрасониҳои пулакии соҳавии мақомот яъне нархномаи ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи 92 касбу ихтисос дар муассисаҳои таълимии касбии Агентӣ санаи 20 апрели соли 2021 бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, чунин муқаррар гардидаст:
    - тавассути худмаблағгузорӣ 185 сомонӣ;
    - эътирофи салоҳияти касбӣ ва валидатсия 125 сомонӣ.


Оид ба номгӯйи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ, ҳаҷми маблағ ва тартиби пардохти он дар муассисаҳои таълимӣ касбии системаи Агентӣ овезаҳои иттилоотӣ насб карда шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва дар ҳамин замина мукаммал намудани инфрасохтори зарурӣ аз тарафи вазорат як адад сервери хурд ба дастгоҳи марказии Агентӣ насб карда шуда, имконият медиҳад, ки воридот ва интиқоли ҳуҷҷатҳои муросилотӣ ба сохторҳои зертобеи Агентӣ ва дигар вазорату идораҳо пурра тариқи электронӣ анҷом дода шаванд.


Боиси қайд аст, ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди хизматрасониҳои пулакӣ анҷом дода мешавад:
    - ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозати барои кор 4080 сомонӣ;
    - барои ҷалби қувваи корӣ иҷозатнома (литсензия) 952 сомонӣ.


Ин намуди хизматрасониҳо тариқи суратҳисоби махсуси кушодашуда дар назди филиалу шуъбаҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд.  

06.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ