Имрӯз, 04 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Нодирӣ ҷаласа оид ба пешниҳоди тадқиқотҳои лоиҳаи СБМ «Васеъ намудани имкониятҳои оилаҳои мондашуда баҳри беҳтарсозии натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлон», ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ЮНИСЕФ, ФАО ва СММ “Занон” амалӣ гардида истодааст, баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок доштаанд.
Дар чорабинӣ ду масъала: таъсиси Фонди дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва натиҷаҳои тадқиқоти лоиҳаи «Васеъ намудани имкониятҳои оилаҳои мондашуда баҳри беҳтарсозии натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлон» муарифӣ гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми нишаст доир ба истифодаи имкониятҳои дастгирии оилаҳои муҳоҷирон як қатор тавсияҳо қабул шуданд.