Имрӯз 11 августи соли 2022 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовнини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ муосидаткунанда баррасӣ гардид.
Муҳтавои пешниҳоди мазкурро сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Қаландарова Д. ба ҳозирин расонида қайд намуд, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда як зумра мамониятҳо пешбинӣ гардида, бо ин васила чораҳои самараноки пешгирии коррупсия таъмин карда мешавад.
Аз ҷумла, тибқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» шахс дар мавридҳое, ки агар барои содир намудани ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дошта бошад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад, агар ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс эътибори қонунӣ пайдо карда бошад, таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳатмӣ мебошад, надошта бошад, агар мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони ў ишғол кардаанд, бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда бошад, шаҳрвандии давлати хориҷиро соҳиб шуда бошад ва ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст дода бошад, агар шахси бешаҳрванд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъин ё интихоби чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд, наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад.
Аз ҷониби муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз қайд карда шуд, ки масъалаи мазкур дар вазорат зери назорат аст, ҷиҳати пешгирии чунин ҳолатҳо пайваста чораҷӯӣ карда мешавад. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки ин масъала дар сохторҳои вазорат пайгирӣ ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” риоя карда шавад.