Тавре иттилоъ дода будем Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амалия истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ»-ро аз рӯи ихтисосҳои «Системаи компютерӣ» ва интернет-технология, «Челонгари таъмири (муҳаррики) автомобил», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли кишоварзӣ» ва «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ» дар соли 2023 баргузор кард.
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявӣ байни хонандагон - ғолибони даври минтақавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Муасисаи давлатии «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода рӯзи 31 май оғоз гардида, то 2 июни соли ҷорӣ идома ёфт.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» 71 нафар хонанда аз 35 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи ихтисосҳои зикршуда, байни ҳам тибқи Низомномаи озмуни «Малакаи касбӣ» аз рӯи корҳои тестӣ ва амалӣ маҳорати худро нишон доданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади тайёр намудани кадрҳои коргарии ҷавобгар ба талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.
Натиҷаи озмун нишон дод, ки иштирокчиён вобаста ба малакаю маҳорат холҳои гуногунро соҳиб гардиданд. Аз рӯи меъёри баҳогузорӣ кумитаи тадорукот озмуни ҷумҳуриявиро ҷамъбаст намуд. Ғолибон ба ин тартиб муайян гардиданд:
Аз рӯйи ихтисоси «Системаи компютерӣ ва интернет-технология»:
Бо дипломи дараҷаи 1, ҷойи якум:
Ҳамроев Муҳаммад, Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе.
Бо дипломи дараҷаи 2, ҷойи дуюм:
Насриддинов Маҳмудҷон, Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе;
Ибрагимов Комрон, Литсейи касбии техникии металлургии шаҳри Турсунзода.
Бо дипломи дараҷаи 3, ҷойи сеюм:
Умаров Фахриддин, Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов;
Шарипова Тахмина, Литсейи касбии техникии шаҳри Кӯлоб.
Аз рӯйи ихтисоси «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқ»:
Бо дипломи дараҷаи 1, ҷойи якум:
Мусозода Муҳаммад, Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе.
Бо дипломи дараҷаи 2, ҷойи дуюм:
Юлдодошов Қосимҷон, Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд;
Раупов Эҳсон, Литсейи касби техникии сохтмонии шаҳри Душанбе.
Бо дипломи дараҷаи 3, ҷойи сеюм:
Қувватов Соҳибназар, Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара;
Маликов Ҷамолиддин, Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав.
Аз рӯйи ихтисоси «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ»:
Бо дипломи дараҷаи 1, ҷойи якум:
Азизов Одилҷон, Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав.
Бо дипломи дараҷаи 2, ҷойи дуюм:
Назарзода Муҳаммадҷон, Литсейи касбии техникии ноҳия Восеъ;
Соибназаров Самандар, Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон.
Бо дипломи дараҷаи 3, ҷойи сеюм:
Бойматов Достон, Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт;
Алиҷони Ҷамоллиддин, Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод.
Аз рӯйи ихтисоси «Челонгари таъмири (муҳаррки) автомобил»:
Бо дипломи дараҷаи 1, ҷойи якум:
Соҳибов Эраҷ, Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар.
Бо дипломи дараҷаи 2, ҷойи дуюм:
Туйчиев Сунатулло, Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд;
Имомназаров Муҳаммад, Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара.
Бо дипломи дараҷаи 3, ҷойи сеюм:
Акрамзода Абдулло, Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе;
Убайдуллозода Муҳаммадҷон. Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод.
Ғолибон дар вазъи мутантан бо диплом ва туҳфаҳои таъсисдодаи вазорат қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар озмуни мазкур муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо баргузории “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе», Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав, “Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб”, “Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Зафаробод”, “Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд” ва “Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб”.