img
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ДАР НУҲ МОҲ

Рӯзи 10 октябри соли 2022 натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён дар нуҳ моҳи соли 2022 дар маҷлиси васеъ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, сохторҳои маҳаллӣ ва фаъолон доир гардида, дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иштирок намуд.

Муовини якум ва муовинони раиси ноҳия – сарпарастони соҳаҳо аз натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои зери роҳбариашон дар нуҳ моҳи соли 2022 ҳисобот доданд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо таъкид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди саноат, кишварзӣ, маориф ва тандурустӣ дар деҳот, тарбияи ватандӯстӣ, таъмини иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷалби сармоя, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолият дар ҳамаи соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар ин самт дар мадди назари доимӣ буда, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти банақшагирифташуда таъкид гардид.

Зикр гардид, ки ҳамаи чораҳои  иловагӣ бо мақсади таъмини иҷрои нақшаву барномаҳо ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон равона карда шудааст, ки аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

11.10.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ