img
БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ВА РАВАНДИ ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРИ НАВ

БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ВА РАВАНДИ ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРИ НАВ

 

Дар доираи омодагиҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо мақсади дидан намудан аз фаъолияти сохторҳои вазорат ва раванди таъсиси ҷойҳои кори нав ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд. Нахуст вазир бо раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба вазъи иҷтимоию меҳнатии шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва саноат, талаботи корфармоёни маҳаллӣ ба мутахассисон, муҳоҷирати аҳолӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзии шаҳрвандонро баррасӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳри Кӯлоб сохтмони якчанд корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ идома дошта, барои таъмини фаъолияти пурраи онҳо аз 100 то 400 корманди соҳибтахассус зарур мебошад.

 

Сипас вазир аз сохторҳои вазорат дар шаҳр - раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтакаи Кӯлоб, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб, шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб, филиалҳои муассисаҳои давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва филиали КВД “Маркази омӯзиши модулии шаҳри Душанбе дар шаҳри Кӯлоб” дидан карда, бо шароити кор шинос ва бо кормандон суҳбат анҷом дод. Зимни боздид аз филиалҳои муассисаҳои таълимии низоми вазорат дар шаҳри Кӯлоб ба касбу ихтисосҳои омӯхташаванда ва талаботи корфармоёни минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

 

Бо назардошти талаботи корхонаҳои саноатии бунёдшавандаи нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва шарбатбарорӣ дар шаҳри Кӯлоб зарурати омода намудани мутахассисони соҳибтахассус вуҷуд дошта, айни замон филиалҳои муассисаҳои давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва КВД “Маркази омӯзиши модулии шаҳри Душанбе дар шаҳри Кӯлоб” метавонанд аз рӯйи 52 касбу ихтисос, аз ҷумла таъмири мошинҳои сабукрав, таъмиргари телефонҳои мобилӣ, дӯзанда, пазанда ва ғ. мутахассис тайёр кунанд. Вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати муҷаҳҳаз намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир ва ҷорӣ намудани омӯзиши касбу ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

27.06.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ