img
БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МЕЪЁРБАНДИИ МЕҲНАТ ДАР ДАВЛАТҲО - АЪЗОИ ИДМ: МУШКИЛОТ ВА ЗАРУРАТИ ТАКМИЛ

25 ноябри соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва Кумитаи иҷроияи ИДМ Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои аъзои ИДМ: проблемаҳо ва зарурати такмил» баргузор гардид.

Дар кори конфронс аъзои Шурои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо - аъзои ИДМ, ташкилотҳои заминавии соҳаи таъминоти методӣ, ташкилӣ ва техникии меҳнат дар ҷумҳуриҳои ИДМ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, шарикони иҷтимоӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор аз тариқи мустақим ва маҷозӣ иштирок доштанд.

Дар кори конфрон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷабборзода Гулрӯ, намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, аъзои Шурои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо - аъзои ИДМ ширкат намуда, зарурати такмили низоми меъёрбандии меҳнат ва дарёфти роҳу усулҳои нави он дар марҳилаи муосирро ногузир арзёбӣ намуданд.

Дар нишаст олимону коршиносони дохиливу хориҷӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни меъёрбандии меҳнат, аз ҷумла моҳияти стандартҳои ТБМ дар соҳаи меъёрбандии меҳнат; танзим ва ҳамоҳангсозии корҳо оид бамеъёргирии меҳнат дар давлатҳо - аъзои ИМД; асосҳои илмии таҳия ва ҷорӣ намудани бамеъёргирии меҳнат дар равандҳои истеҳсолии корхонаҳо; амалияи бамеъёргирии меҳнат дар корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ; дурнамои рушди ҳамкориҳои давлатҳо - аъзои ИДМ дар соҳаи бамеъёргирии меҳнат; низоми автоматикунонидашудаи ҳисобкунии давомнокии таъмири конҳо; бамеъёргирии меҳнат дар хоҷагии манзилию коммуналӣ; ташкили бамеъёргирии меҳнат дар роҳҳои оҳан; муқаррар намудани меъёрҳои ягонаи вақт барои иҷрои ҳаҷми муайяни корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ, инчунин корҳои лабораторӣ дар соҳаи истеҳсоли нафт; фаъолияти ташкилоти базавии давлатҳо - аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои бамеъёргирии меҳнат; ташкили омӯзиши ғайрирасмӣ барои гурӯҳҳои синну соли гуногуни шаҳрвандон дар донишгоҳи виртуалии корпоративии SMART ва дигар масъалаҳо рӯнамоҳо ва маърузаҳои илмӣ манзур намуданд.

Аз натиҷаи конфронси байналмиллалии мазкур доир ба масъалаҳои муҳокимашуда тавсияҳо қабул гардиданд.

26.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ