30 ноябри соли равон бо супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа шанбегии умумӣ дар саҳни бинои вазорат бо иштироки васеи кормандон аз раёсату шуъбаҳо доир гардид.
Кормандон саҳни ҳавлиро аз баргҳои хазон тоза намуда, дарахтонро нарму гулу буттаҳоро низ тоза карданд. Чунин шанбегиҳо мунтаззам доир карда мешавад ва кормандон ба таври ҳамешагӣ иштироки фаъолона менамоянд.