Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои зиддикоррупсионӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нақша чорабиниҳои вазорат таҳия гардида, барои иҷро ба масъулин ирсол гардидааст. Иҷрои саривақтии бандҳои нақша чорабинии мазкур зери назорати доимии роҳбарият қарор дорад.
Ҳамзамон чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни кормандони вазорат ва сохторҳо бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор мунтазам баргузор гардид, оид ба оқибатҳои нохуби ин амали номатлуб фаҳмонида мешавад. Шарҳу тавзеҳи қонунгузории соҳа дар хонишҳои идоравӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирӣ Алишер Қаҳҳор дар мавзуи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу омилҳои ҳолатҳои коррупсионӣ ва шарҳи “Стратегияи зикргардида, методологияи тартиб ва методикаи фаъолияти он” дарси идоравӣ баргузор гардид.
Дар машғулият вобаста ба риоя ва иҷрои ҳамаҷонибаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», моҳият ва хусусиятҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба коррупсия, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, сухан рафт.
Дар чорабинии мазкур зикр карда шуд, ки хизматчиёни давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, бояд ҳолатҳои хавфи коррупсионидоштаро ба пуррагӣ дарк намуда, ба ҳолатҳои сар задани онҳо ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз дар ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастҷамъонаро тақозо менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии пурмуҳтавои худ муборизаи дастҷамъонаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.
Масоили мубориза ва муқовимат бар зидди коррупсия зери назорати доимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Раёсати котибот