img
Агентӣ: 371 ҷойи корӣ ва вазифаҳои озод ба шаҳрвандон пешниҳод шуд

3 марти соли равон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва накшаҳои мушатраки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари аҳолии бекор ба шуғл дар корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бо ташаббуси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир шуд.

Дар он аз тарафи Маҷмааи ҶСП “Ҷунтай Данғара Син-Силу Текстил” - 287, Корхонаи пойафзол “Чарм” - 13, Корхонаи истеҳсоли мебел - 10, ҶДММ "Нассоҷии тоҷик" - 50 ва Маркази саломатӣ 15 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карда шуд.

Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи мазкур, дар маҷмӯъ 371 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод ба шаҳрвандон пешниҳод гардид. Ҳамзамон ба 60 нафар барои ҷойи кор дар корхонаҳои саноатӣ роҳхат дода шуда, 60 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, 30 нафар ба корҳои ҷамъиятии муздноки мавсимӣ фиристода шуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби мутахассисони МД "Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ", ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойгир аст, 24 нафар ба тадқиқоти сотсиологӣ ҷалб гардида, ба 30 нафари дигар машварати касбӣ дода шуд.

Аз тарафи намояндагони Агентӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ярмаркаи ҷойҳои кори холии баргузоргардида, зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд, ки аз ин ба 204 нафар шаҳрвандон хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида шуд.

16.03.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ