Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шуруъ аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Зеро пойтахт дар радифи муқаддасоти миллӣ, ба мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллӣ рамзи давлатдорӣ эътироф шуда, муҳимтарин аломати муаррифии давлатдории мо, тоҷикон маҳсуб мешавад.
— Ҳар миллате, ки дар арсаи таърих соҳиби давлатдории устувор мегардад, пойтахти он ҳамчун оинаи равшани сатҳи рушд, фарҳанг, худшиносӣ ва иродаи сиёсии он миллат ба ҷаҳон муаррифӣ карда мешавад. Пойтахт на танҳо маркази идоракунӣ, балки тамаддун, фарҳанг, иқтисод ва тафаккури миллӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо раҳнамоии сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пойтахти худро ба шаҳри муосир, зебо ва дорои симои хоси миллӣ табдил диҳад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи пойтахт дар моҳи апрел, пеш аз ҳама, ифодаи эҳтиром ба шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлатдорӣ ва рамзи ваҳдату худшиносии миллӣ буда, ҷашни ифтихори миллӣ, дастовардҳо ва марҳалаи нави рушд мебошад.
Таҷлили Рӯзи Пойтахт барои ҳар як сокини кишвар аҳамияти хоса дорад. Ин рӯз моро ба гузашта назар кардан, имрӯзро қадр намудан ва барои ояндаи дурахшон талош варзидан водор месозад. Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд: намоишҳои фарҳангӣ, консертҳои идона, озмунҳо, ярмаркаҳо ва барномаҳои фароғатӣ. Ҳамаи ин чорабиниҳо ба таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ мусоидат мекунанд. Душанбе дар давоми 70-соли мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ аз як деҳаи хурди назарногир ба як шаҳри азиму зебои саноатӣ табдил ёфта, заводу фабрикаҳо, комбинату, иншоотҳои гуногун қомат афрохтанд.
Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро нигоҳ дошта, шурӯъ аз соли 1924 баъди тақсимоти миллӣ - маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ ба пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Боиси тазаккур аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз симои худро куллан дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гардидааст. Шуруъ аз соли 1961 Душанбе аз нав барқарор карда шуда, хонаҳои баландошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ бунёд гардидаанд.
Пойтахт хонаи умумии ҳамаи мост. Аз ин рӯ, нигоҳубин ва ободонии он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Тозагӣ, риояи қоидаҳои шаҳрнишинӣ, ҳифзи муҳити зист ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ – ин ҳама нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар як сокини пойтахт бояд дар рушду ободии он саҳмгузор бошад, зеро пешрафти пойтахт пешрафти тамоми кишвар аст.
Мо миллати хушбахту саодатмандем, ки ватани худро дорем ва онро беҳтарин неъмат медонему барои ҳифзу шукуфоии он зери роҳбарии фарзонафарзанди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастиашро барои саодатманд гардонидани миллаташ ва таҳким ёфтани пояҳои давлати навини бунёдгузоштаашон бахшидаанд, софдилонаю содиқона саъю талош дорем.
Шаҳри Душанбе – пойтахти ҷумҳурии азизамон, ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ, маркази илму фарҳанг ва дорои инфрасохтори пешрафтаи муосир рисолати муаррифии давлату миллатро бар дӯш дорад. Мусаллам аст, ки ҳар меҳмоне, ки вориди пойтахти кишвари азизамон мегардад, бо тамошои он ва мушоҳидаи рафтору гуфтору кирдори сокинонаш, фарҳанги миллӣ, сатҳи иқтисоду иҷтимоъ ва илму адаби миллати моро дар маҷмуъ баҳо медиҳад.
Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер - Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳид ва ҳокимияти маҳаллӣ, узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ мебошад.
Аз ин ҷост, ки шаҳри Душанберо оинаи рӯшани давлату миллати тоҷик мехонанду ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд инро ба эътибор гирад. Маҳз ба ҳамин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ барои боз ҳам рушд ёфтани инфрасохтори пойтахти азизамон ишора намуданд: “Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.”. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ карда шавад.
Дар Паём Пешвои маҳбуби миллат қайд намуданд, ки “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.”. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо ва арҷгузорӣ ба суннату анъанаҳои ҷовидонаи Наврӯз, истифодаи он барои тарбияи наслҳои оянда дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Ҳарчанд ки таърихи Душанбе реша дар умқи ҳазорсолаҳои пешин дорад, аммо маҳз ба баракати соҳибистиқлолӣ, рафъи нооромиҳои дохилӣ, ҳукмфармо гардидани фазои сулҳу суботу оромиву осудагӣ рӯ ба рушду густариш ниҳод ва тадриҷан ба як шаҳри муосири дорои инфрасохтори пешрафта табдил ёфт.
Онҳое, ки шоҳиди нооромиҳои дохилии даҳаи охири садсолаи гузашта буданд, хуб медонанд, ки хонаи умеди тоҷикони дунё дар чӣ ҳолат қарор дошт. Ҳама гуна баҳогузорӣ бо қиёс сурат мегирад ва ин холисонаву воқеъбинона аст.
Бунёду азнавсозии роҳҳову ҷодаҳо, садҳо биноҳои маъмуриву фарҳангию таълимӣ, китобхонаҳҳо, кохҳои варзишӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хидматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳои зебо, майдончаҳои варзишӣ ва воридсозии ҳазорҳо василаҳои гуногуни нақлиётӣ пойтахти кишвари азизамонро дар минтақа ба зеботарин шаҳр табдил доданд.
Маҳз бо саъю талоши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар даҳ соли охир садҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёд ёфт, роҳҳои мавриди истифода аз нав таъмиру тармим гардида, роҳҳои иловагии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохта шуданд, бо вурудсозии садҳо автобусу электробус ва мавриди хизмати сокинони пойтахт қарор додани ҳазорҳо электромобил хидматрасонии нақлиётӣ ба мусофирон ба низом даромада, бо ташкили хатсайрҳои нав беҳтару хубтар шуд, истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ таъмиру азнавсозӣ гардида, ба талаботи муосир мувофиқ гардонида шуданд, тозагиву озодагии пойтахт таъмин гардид ва тартибу низом қавитар шуда, Душанбе ба шаҳри амн табдил ёфту ин аз сӯйи созмонҳои ҷаҳонии пажӯҳишии масъалаи марбут эътироф ёфт, ки барои мо мояи ҳам шукргузорӣ ва ҳам ифтихор аст.
Имрӯз шаҳри зебои Душанбе на танҳо маркази маъмурию идоракунии давлатӣ, балки маконест, ки маҳз дар он барномарезӣ ва рушди бештари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тиб, маориф, фарҳанг, варзиш ва ғайра ба нақша гирифта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2004 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. Моҳи ноябри соли 2016 пойтахти Тоҷикистон ҷоизаи “Шарҳи сулҳ”- и Бунёди Роҳи Абрешимро дарёфт кард. Ин ҷоиза барои саҳми барҷаста дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ тақдим гардид.
Яъне тарҳу барномарезии ояндаи пурсаодати кишвари мо аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Дашанбе бо китобхонаҳо, осорхонаҳо, пайкараҳои бузургон ва рамзҳои худ дар гулгашту хиёбонҳову майдонҳо таърихи пурғановати миллати моро барои меҳмонон бозгӯ месозад ва маҳз аз ҳамин ҷо ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва муаррифии онҳо оғоз меёбаду фарохтар таҷасум мегардад. Дар ин ҷо анъанаҳои сирф миллӣ бо дастовардҳои ҷаҳонӣ омезиш ёфта, фазои рангини фарҳангиро ба вуҷуд овардаанд.
Пойтахти тоҷикон ба маркази баргузории нишасту конфронсу ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, сабқатҳои варзишӣ ва намоишҳои сатҳи байналмилалии фарҳангӣ табдил ёфта, ҳазорҳо меҳмононро бо оғӯши гарм истиқбол ва бо як ҷаҳон таассуроти рангин гусел менамояд.
Имрӯз ҷаҳониён шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри амн, шаҳри сабз, шаҳри дӯстӣ, маркази кишвари офтобӣ, дарвозаи Тоҷикистон ба ҷаҳон ва намунаи олии ҳамзистии осоиштаи халқиятҳои гуногун мешиносанд, ки бар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихору сарфарозист.
Бори дигар таъкид ба маврид аст, ки рушду пешравии чашмгири Душанбе аз баракати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайгиронаи Раиси шаҳри Душанбе ба мо муяссар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе имрӯз бо шаҳрҳои Боулдери ИМА, Санк- Петербурги Федератсияи Россия, шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, шаҳрҳои Урумчӣ, Чиндао, Сямэн ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳри Анқараи Туркия, Лусакаи Замбия, Санъои Ҷумҳурии Яман, Монастири Тунис, Лаҳори Ҷумҳурии Исломии Покистон, Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, Ройтлингени Олмон, Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ашқободи Туркманистон ва Нур - Султони Қазоқистон созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расонидааст. Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии созишномаи бародаршаҳрӣ васеъ намудан, мустаҳкам гардондан ва ривоҷ додани алоқаҳои байниминтақавӣ дар доираи давлатҳои хориҷӣ, дар заминаи баробарҳуқуқӣ ва манфиати тарафайн ба шумор рафта, дар ин асос шаҳри Душанбе метавонад имкониятҳои рушди иқтисод, илму техника ва фарҳангии бародаршаҳрҳоро барои мустаҳкам намудани равобити бевосита дар ҳама самтҳо замина гузорад.
Мувофиқи маълумотҳои маҷаллаи сайёҳии “34 travel” дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 яке аз рӯйдоди хотирмони таърихӣ ба амал омад, ки дар раддабандии шаҳрҳои аз нигоҳи сайёҳӣ ояндадор, шаҳри Душанбе мавқеи аввалро соҳиб гардид. Ин назарсанҷиҳо бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии “Mastercard” таҳия карда шуд.
Маҳз аз роҳи татбиқи барномаҳои созандагиву ободонӣ, шаҳри азизамон рӯз аз рӯз зеботару ободтар ва шароити зисту фаъолият барои сокинон хубтару беҳтар мегардад.
Пойтахт – ин дили давлат, маркази умедҳо ва орзуҳои мардум аст. Шаҳри Душанбе имрӯз бо зебоӣ, ободӣ ва рушди босуръаташ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бигзор пойтахти азизамон ҳамеша ободу шукуфон бошад, дар он сулҳу оромӣ ҳукмфармо бошад ва мардуми он бо ҳамдигар дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намоянд.
Пойтахти тоҷикон ба маркази баргузории нишасту конфронсу ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, сабқатҳои варзишӣ ва намоишҳои сатҳи байналмилалии фарҳангӣ табдил ёфта, ҳазорҳо меҳмононро бо оғӯши гарм истиқбол ва бо як ҷаҳон таассуроти рангин гусел менамояд.
Соли 2018 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри сайёҳии муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19- уми апрели соли 2018 Агентии таҳлилии “ТурСтат”- и Россия дар асоси натиҷаҳои ҳампурсӣ интишор кард.
Санаҳои 7-9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумуҳурии Мардумии Чин, Саммити Федератсияи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки мувофиқи он шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуд. Табиист, ки чунин дастовардҳои арзишманд дар татбиқи босамари эълон гардидани соли 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нақши намоён гузошта, азамату эътибори фарҳанги шаҳрдориро боз ҳам болотару зиёдтар нишон дод.
Хушбахтона, дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизи мо ба марҳалаи рушду пешравӣ ба таври бесобиқа ворид гашта, нуфузу эътибори он авҷи бештар пайдо кардааст.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ ҳамчун маркази ҷазби тоҷикони ҷаҳон, намунаи волои шаҳрдориву шаҳрсозӣ, рамзи олии меҳмоннавозии миллати тоҷик, таҷассумгари дастовардҳои нотакрори даврони соҳибистиқлолӣ ва меҳвари асосии ваҳдату суботи ҷомеаи Тоҷикистонӣ боқӣ хоҳад монд.
Баҳодуров Сафарбек- муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷуи соли 3-юми илмҳои сиёсатшиносии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.