Паёми табрикии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ бахшида ба оғози соли нави таҳсили 2022 - 2023 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Устодони муҳтарам, шогирдон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ!
Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи дониш - оғози соли нави таҳсил, ки бо “Дарси Сулҳ” шуруъ мегардад, ҷашн гирифта мешавад ва ба марҳилаи нави омӯзиши касбу ҳунар, рушди шахсият ва омодагӣ ба кору фаъолияти минбаъдаи Шумо, ҳусни оғоз мебахшад. Ба ин муносибат Шуморо табрику таҳният мегӯям.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи таҳсилоти касбӣ равона гардидааст. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мазкур ислоҳот оғоз гардида, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои мушаххас қабул ва татбиқ шуда истодаанд, ки барои беҳтар сохтани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кории омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ равона карда шудаанд.
Зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми муҳим дорад.
Дар пайи иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои муаззами миллат бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2021 ва давоми соли равон як қонун ва 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 4 лоиҳаи дигар дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад.
Бо мақсади таъмини раванди машғулиятҳо бо маводи таълимӣ 11 стандарти касбӣ, 550 нақшаи таълимӣ ва 48 барномаи таълимӣ барои ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ коркард, таҳия ва тасдиқ карда шуданд.
Яке аз воситаи асосии баланд бардоштани сифати таълим ин таъмин будани хонандагон бо китобҳои дарсӣ ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ бо мақсади таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 41 380 адад китоб, аз ҷумла, 26240 адад китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ, 10100 адад китоби дарсии фанҳои тахассусӣ ва 5040 адад китоби бадеӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дастрас карда шуд.
Вазорат тасмим дорад, ки таҳия ва нашри китобҳои дарсии фанҳои тахассусиро тақвият бахшида, ҷиҳати давра ба давра харидории китобҳои дарсӣ чораҳои амалӣ андешад.
Дар доираи ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазорат ҷиҳати ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нав дар муассисаҳои таълимӣ корбарӣ намуда, соли ҷорӣ қабули хонандагон аз рӯи 10 ихтисоси нав ба роҳ монда шуд.
Дар ин самт ҳамкории вазорат бо шарикони рушд хуб тақвият ёфта, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ва Иттиҳоди Аврупо “Кумаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим” як қатор корҳо ба итмом расонида шудаанд.
Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд, дар маҷмуъ дар 29 муассисаи таълимии ҳадафӣ (21 литсейи касбии техникӣ) ба маблағи 6 миллиону 469 ҳазор доллари ИМА корҳои таъмирию азнавсозӣ анҷом дода шуда, синфхонаю устохонаҳои таълимӣ бо таҷҳизотҳои муосир, хобгоҳҳои хонандагон бо лавозимоти истиқоматӣ ва литсейҳои касбии соҳаи кишварзӣ бо техникаҳои кишоварзӣ ва ёрирасон таъмин ва муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Илова бар ин, дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар заминаи 8 муассисаи зерсохтори вазорат марказҳои захиравӣ ташкил карда шуда, онҳо бо техника, таҷҳизот ва ашёву аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз карда шуданд ва аз рӯи 18 ихтисос курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба роҳ монда шудааст.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52, ки сарпарастон аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардиданд, дар ин муддат дар 47 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ корҳои таъмирию азнавсозӣ гузаронида шуда, як қатор таҷҳизоти таълимӣ дастрас карда шуд.
Соли нави таҳсил бо омодагии ҳамаҷониба дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ шуруъ шуда, умедворам, ки такмили заминаҳои меъёрии хуқуқии соҳа, густариши корҳои таъмирию азнавсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти наву муосир аз рӯи ихтисосҳои омӯхташаванда ба сифати таълим таъсири амиқ расонида, барои омода намудани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мусоидат менамояд ва самараи фаъолияти омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ дучанд мегардад.
Тибқи анъана ҳамасола дарси нахустини устодон “Дарси сулҳ” ном дошта, он ба тарғибу бузургдошти сулҳ бахшида мешавад. Боиси ифтихор аст, ки яке аз ин дарсҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар сатҳи баланд ва ҷолибу хотирмон баргузор мегардад, ки таҷассуми таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат ба мактабу маориф ва насли наврасу ҷавони кишвар мебошад. Ин ғамхориву дастгириҳо водор менамоянд, ки насли ҷавони кишвар касбу ҳунар ва донишҳои замонавиро хубтару беҳтар аз худ намуда, баҳри рушди сарзамини худ саҳми босазо гузоранд.
Бори дигар фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба ҳамаи шумо - омӯзгорону хонандагон ва кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шодбош гуфта, бароятон барори кору хониши аъло орзу менамоям.
Соли нави таҳсил муборак!