img
САДА-ПАДИДАИ ОЗОДАГӢ ВА СОЛИМӢ. ТОҶИКОН БО АФРӮХТАНИ ОТАШ ФАСЛИ БАҲОР ВА ГАРМИЮ РАВШАНИРО ДАЪВАТ МЕНАМУДАНД

28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Сада  чунин иброз намудаанд:  «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъана, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд».


Сада  маросими анъанаи ниёгон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ва яке аз ҷашнҳои  мардуми тоҷик буда, аз  омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз дарак медод. Муҳаққиқон пайдоиши ҷашни Садаро ба кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, риёзӣ нисбат медиҳанд. Каюмарс тибқи ривоёти «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ аввалин касе буд, ки тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода, ба низоми ҳукуматдорӣ бунёд гузоштааст. Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию санъат ва ҷудо намудани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад.


Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрӯхтани  гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб мешуд,  мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд. Сада ба ягон дину ойин тааллуқ надошта, аз дарки амиқи равандҳои табиӣ хабар медод. Дар сарчашмаҳои таърихӣ мафҳуми Сада хеле хуб маънидод гардидааст. «Сада»-ро аз шумораи 100 медонанд, ки иборат аз панҷоҳ шабонарӯз то Наврӯз аст. «Сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шудан омадааст. Яъне падид омадани рӯшноӣ ва гармӣ аст. Ниёгони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ҳам таҷлил менамуданд. Дар айёми Сада рӯзҳо торафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне маҳз аз ҳамин шабу рӯзҳо ғалабаи рӯшанӣ ба торикӣ ва некӣ бар бадӣ ибтидо мегирад.


Ҷашни Сада аз аҳди ориёиҳо (нимаи дуюми ҳазорсолаи 2 то мелод) то давраи ҳукумати Сомониёну Салчуқиён ва дар баъзе аз манотиқи тоҷикнишини Хуросону Мовароуннаҳр то истилои муғулҳо маъмул буд ва бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид. Асарҳои  «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин гуна маълумот медиҳанд. Оташ сар то по хайру созанда тавсиф мешавад ва он маҳсули ҷаҳду талоши инсони воломаниш дар муҳити табиӣ ва дар доираи имконоти инсонӣ таъриф меёбад. Аз ин назар, бо достони пайдоиши оташ дар асотири миллатҳои дигар имтиёз ва бартарии равшан дорад.

 

Ҳушанг дар фарҳангҳо «Бахшандаи ҷойгоҳи хубу некуманзар» тавсиф шудааст, аммо аз матни «Шоҳнома» ва майли Ҳаким Фирдавсӣ чунин бармеояд, ки решаи ин ном бо «ҳуш», ки ба маънои дигар хирад ва равони хирадманд таъбир мешавад ва «анг» чун пасванди нисбатсоз корбурди фаровон дорад. Ин ҷашни бостониро метавон ҳамчун падидаи озодагӣ ва солим тавсиф намуд, ки ба асари он қувваҳои некӣ ба бадӣ ғолиб меоянд ва дар асоси дурахши оташ чобукию далерӣ ва матонати мардум зоҳир мегардад. Яъне покию покизакорӣ асоси нерумандӣ ва солимӣ аст.

 

khovar.tj

 


Алиҷон ҒОИБЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти 
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ 

 

26.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ