«Харитаи роҳ» доир ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд.
Ин санад зимни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии Федератсияи Русия Дмитрий Патрушев дар шаҳри Москва, дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия қабул гардид.
Дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ доир ба масъалаи воридоти тухмии офтобпараст, тухмии лаблабуи қанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти моҳии форел ба Федератсияи Русия изҳори омодагӣ намуданд.
Инчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ дар заминаи донишгоҳҳои аграрии ду давлат ба мувофиқа расиданд.
Манбаъ: АГЕНТИИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ
ТОҶИКИСТОН «ХОВАР»