Имрӯз, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз ва менеҷери лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” Сафаров Д. аз вазъи омодагии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба таҷлили 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳо дар иншооти ба нақша воридшуда дидан намуд.
Масъалаҳо доир ба вазъи кишти такрорӣ, омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил, захираи маводи ғизоӣ, тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022- 2023 баррасӣ гардида, бо мақсади тақвияти қорҳои сохтмонӣ дар иншооти банақшагирифташуда, мушкилоти мавҷуда муайян карда шуда, ҷиҳати идомаи корҳо ва дар муҳлатҳои муайншуда ба истифода супоридани онҳо чораҳои амалӣ ба нақша гирифта шуданд.