Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар нимсолаи якуми соли 2023 бо истифода аз неруи кадрӣ ва имкониятҳои мавҷуда корҳои муайянро ба сомон расонид.
Такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳа.
Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 13 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин шумора 5 лоиҳа ба тасвиб расида, 2 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо ва 4 лоиҳа дар марҳилаи таҳия қарор доранд.
Инчунин, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2024-2026” дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо қарор дошта, вобаста ба таҳияи лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон аз 4 апрели соли 2017, №179 “Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” ва Созишномаи генералии байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2026 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт идома дорад.
Сатҳи зиндагии аҳолӣ.
Дар доираи роҳандозии тадбирҳои судманди ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ сол ба сол коҳиш ёфта истодааст.
Масъалаҳои тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ пайваста зери назорати доимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вобаста ба он мунтазам чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Музди меҳнати ҳадди ақал бошад дар давраи ҳисоботӣ ба 600 сомонӣ баробар аст.
Музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 18,0 фоиз, вилояти Суғд 8,1 фоиз, вилояти Хатлон 22,4 фоиз, шаҳри Душанбе 15,2 фоиз ва дар ШНТҶ 22,0 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ҷумҳурӣ 33304 адад корхона, муассисаву ташкилот, новобаста аз шакли моликият фаъол буда, аз онҳо 18954 адад ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд ва 16361 адад бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки ба 86,3 фоиз рост меояд.
Муҳоҷирати аҳолӣ.
Тибқи маълумоти расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Россия оид ба муҳоҷират дар охири семоҳаи якуми соли 2023-юм 663 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон дорои патенти амалкунанда мебошанд, аз ҷумла дар давоми соли равон 184,8 ҳазор нафар патент ба расмият дароварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 10 фоиз ва 4 фоиз кам аст.
Вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат ин ҳарчи бештар ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 76175 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 57739 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 31921 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ 38726 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
Дар доираи амали Барномаи мазкур дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4428 нафар шаҳрванди ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойҳои кории аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин 54,0 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 9,8 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин, барои дастгирии соҳибкории занон ва ҷавонон ба 775 нафар зан ба андозаи 2 млн. 844,3 ҳазор сомонӣ ва ба 508 нафар ҷавон 1,9 млн. сомонӣ ва ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 501 нафар шаҳрванд ба андозаи 1,8 млн. сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 45932 нафар, аз ҷумла МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” 25881 нафар, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3974 нафар ва дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ 16077 нафар шаҳрванд ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар муассисаҳои таълими касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 10980 нафар, аз ҷумла 8388 нафар (76,4%) зан ва 5611 нафар (51,1%) ҷавон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ҳамчунин дар ин давом тавассути худмаблағгузорӣ 8275 нафар соҳибкасб шуданд. Тибқи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия малакаи касбии 6626 нафар шаҳрванд бо шаҳодатномаҳо тасдиқ карда шуданд.
Илова бар ин, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии системаи агентӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 5834 нафар зану духтари хонашин ва шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардиданд.
Давоми нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохили кишвар низ корҳои муайян ба иҷро расида, аз 15403 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта 5533 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 8811 нафар ба тайёрии касбӣ, 93 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд ва ба 72 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ дода шуда, 843 нафар машварати касбӣ гирифта, 51 нафар ҳамчун бекор дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳали зист мебошанд.
Инчунин, тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тайи давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби бақия ва маблағгузории соли равон ба 7653 нафар шаҳрванд ба маблағи 6 млн. 460,7 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид, ки ин 64,0 фоизи дурнамои солонаи барномаро дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад. Таҳлили раванди таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба 6903 нафар ҷавони аз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба эҳтиёт рухсатшуда дар ҳаҷми 5 млн.165,3 ҳазор сомонӣ, ба 577 нафар аз муассисаҳои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда дар ҳаҷми 515,5 ҳазор сомонӣ ва ба 173 нафар шаҳрванди ихтисоршуда аз ҷойи кор дар ҳаҷми 779,7 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт карда шудааст.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ.
Вазорат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва бо мақсади бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пайваста чораҳои муассир меандешад.
Соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат 17008 нафар хонанда, аз ҷумла 159 нафар (42 духтар) маъюб, 46 нафар (18 духтар) ятими кулл ва 838 нафар (372 духтар) нимятим таҳсил намуданд. Аз шумораи умумӣ 4346 нафарро духтарон ташкил дода, 15353 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 1655 нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил карданд.
Бо мақсади эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 “ Солҳои рушди саноат” ва тарғиби донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбии хонандагон тибқи Низомномаи тасдиқшуда соли дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор мегардад.
Дар соли таҳсили 2022-2023 озмуни мазкур аз рӯи ихтисосҳои «Системаи компютерӣ ва Интернет-технология», «Монтёри барқӣ оид ба хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ» ва «Челонгар оид ба таъмири (муҳаррики) автомобил» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 20 курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки 350 нафар шунаванда, ки аз ин шумора занон 160 нафарро ташкил медиҳанд, гузаронида шуд. Аз теъдоди умумии шунавандагон 101 нафар ё 28,8 фоизашонро мутахассисони ҷавон ташкил дода, аз теъдоди умумии хатмкардагони курсҳо 257 нафар ё 73,4 фоиз корманди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 18 нафар ё 5,1 фоизро омӯзгорони фанҳои тахассусии МДТ “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 92 ихтисосҳои дар иҷозатнома нишондодашуда 63 ихтисос, амал мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2 китоби дарсии тахассусӣ барои омӯзиши ихтисосҳои «Гачкорӣ» - 200 адад, ва «Ҳунарҳои суннатии тоҷикон»-100 адад ба маблағи умумии 28,4 ҳазор сомонӣ нашр гардида, дастрас намудани онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ идома дорад.
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ бо КВД “Ширкати алюминийи тоҷик”, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Сомон - саноат», «Сомон - сохтмон», «Авторемзавод», «Тоҷиккабел», «Сомон – таҷҳизот», «Ремстройдормаш», «Сомон - сервис», «Ноқили Талко», ИИ “Нассоҷии тоҷик”, «Хуҷандавтосервис», «Ангубин», «Лаззат» ва дигар корхонаю ташкилотҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзии хонандагон ҳамкорӣ доранд.
Робитаҳои байналмилалӣ.
Вазорат бо мақсади тақвияти рушди соҳа дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон бо як қатор мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар маҷмуъ, бо 13 давлат 36 санади байналмилалӣ ба имзо расонидааст, ки аз ин 12 адад созишномаи байниҳукуматӣ ва 24 адад байниидоравӣ буда, феълан мавриди амал қарор доранд.
Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2023 зимни сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар самти иҷтимоию меҳнатӣ (10 майи соли 2023) ва дар ҷараёни сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар (8 июни соли 2023) ба имзо расиданд.
Ғайр аз ин, бо мақсади гуногунсамтии (диверсификатсия) муҳоҷирати меҳнатӣ бо ташаббуси вазорат лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Корея, Канада, Лаҳистон, Латвия, Олмон, Сингапур ва Япония оид ба танзими қувваи корӣ таҳия ва унвонии ниҳодҳои дахлдори кишварҳои болозикр ирсол карда шудааст, ки дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дипломатии кишвар мавриди пайгирӣ қарор доранд.
Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба дастгоҳи марказии вазорат, хадамотҳо ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 907 нафар муроҷиат намуданд, ки муроҷиатҳои онҳо бо риояи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ ва қонеъ карда шуданд.