img
ФЕСТИВАЛИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ВА НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД”

16 уми апрели соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” тибқи банди 4 “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки бо  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 тасдиқ шудааст,   баргузор гардид.

Дар он аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунари миллӣ, аз қабили оҳангарӣ, рехтагарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кордгарӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, шонасозӣ, кулолӣ, танӯрсозӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, қаннодӣ ва монанди инҳоро бо пешниҳоди маҳсулоти  ҳунарманди манзури ҳайати ҳакамон, сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.

Дар фестивали мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпуси дипломатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, қабул гардидани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод шудани ҳунармандон натиљаи роҳандозӣ намудани ин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад.

 Фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд.

Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар ин муддат бисёр намудҳои ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон  афзудааст. Тибқи маълумоти дастрасгардида, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат бархӯрдор мебошанд.

Мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр доир гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоятҳо ва инак даври сеюми фестивали мазкур ҷамъбаст гардид.

Дар даври ниҳоии Фестивал аз рӯйи 6 номинатсия наздик ба 100 нафар  ҳунармандон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.

Ғолибони даври ниҳоии Фестивал бо дипломи дараҷаҳои 1, 2 ва 3 сарфароз гардонида шуда, бо туҳфаҳои пулию молӣ қадрдони карда шуданд.

Инчунин, барои ҳамкорӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Фестивал ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

16.04.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ