Аз рӯзи ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол сипарӣ гардид. Ҳамагӣ 31 сол, ки ин муддати ниҳоят кӯтоҳест дар сафҳаи таърихи давлату давлатдории миллӣ. Аммо сабақҳои он барои имрӯзиёну фардоиён, ки дар ҷодаи таҳкими давлату рукнҳои давлатдорӣ қадам мениҳанд, ниҳоят бузургу ибратбахшанд.
Пеш аз ҳама, ин марҳалаи ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ аз диди сиёсатшиносон бори дигар собит намуд, ки нақши Сарвари давлат дар поягузорӣ ва устуворгардонии давлат ва рукнҳои давлатдорӣ воқеан ҳам ниҳоят бузург ҳаст. Аз ин нуқтаи назар ибтидои марҳалаи таърихи навини тоҷикистониён аз рӯзи ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, шахси оқилу дурандеш, раиятпарвару ҳақшинос ва раҳнамунсози аҳли ҷомеа ба ҳаллу фасли саривақтӣ ва пурраи масоили мубрами тамоми табақоти ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Маҳз бо саъю кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ бартараф гардида, сулҳу субот пойдор шуд. Нахустин суханони Роҳбари тозаинтихоби давлат “Ман ба шумо сулҳ меорам” умеди тамоми мардуми тоҷикро ба ояндаи амну осудаи кишвар зинда карданд. Аз чанголи ҳалокатбори ҷанги хонумонсӯз халос намудани кулли мардуми тамоми минтақаҳои ҷумҳурии тозаистиқлол эътиқоду эътимоди аҳли ҷомеаро ба таъмин гардидани фардои осуда ва дурахшони ҳаёти тамоми қишрҳои ҷомеа таҳким бахшид.
Бо халқ будан, ба қадри ҳар як табақаи аҳолӣ расидан, ба мазмуну моҳияти умеду ормонҳои аҳли ҷомеа ба куллӣ сарфаҳм рафтан ва бо назардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кулли шаҳрвандони тамоми минтақаҳо равона сохтани нерую иқтидори сохторҳои мақомоти давлатӣ дар сархати сиёсати раиятпарварона ва созандаи Пешвои миллат қарор гирифтанд. Имрӯз ҳатто ашхоси айбҷӯю ба ном “мунаққид” эътироф мекунанд, ки пешрафти ҷомеаи навини тоҷикон маҳз бо саъю эҳтимоми Пешвои миллат ба даст омадааст.
Таърихи давлату давлатдорӣ борҳо собит сохтааст, ки таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бе бунёд намудану устувор гардонидани рукни асосии он – таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, амали беҳуда ва иқдоми бесамаре аст. Истиқлолияти иқтисодӣ, иқтисоди рушдёфтаву тавоно, пояи устувори давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Бо дарки амиқи ин нукта Сарвари дурандеш ва хирадманди Тоҷикистон баъди бартарафсозии оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ баҳри инкишофу рушди ҷомеа ҳадафҳои асосии сиёсати давлатро дар ҷодаи рушди иқтисод ва тақвият бахшидани иқтидори иқтисодии кишвар муайян намуданд ва нерӯи созандаи аҳли ҷомеаро баҳри расидан ба ҳадафҳо раҳнамун сохтанд.
Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани ҷумҳурӣ, таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ва саноатикунони босуръати ҷумҳурӣ бо ибтикори Сарвари давлат ҳамчун ҳадафҳои стратегии мамлакат муқаррар гардиданд.
Бо истифода аз нерӯи созандаи ҷомеаи Тоҷикистони навин дар як муддати начандон тӯлонӣ мамлакати мо, ки аксари роҳҳои мошингарди он аз домони кӯҳсорон мегузаранд, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт.
Бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат беш аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуданд. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон» ва «Шаҳристон» робитаи доимии нақлиётии байни аҳолии минтақаҳои шимолиро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон таъмин намуд.
Дар айни замон марҳалаи ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаҳои аҳолинишини мамлакат бомаром идома дорад. Бунёди шоҳроҳи байналмилалии Мурғоб-Кулма-Қароқурум дар муддати кӯтоҳ анҷом пазируфт. Аз пойтахти Ватанамон - шаҳри Душанбе, то маркази ноҳияи Дарвоз шоҳроҳи мазкур ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуд. Аз маркази Дарвоз то дарвозаи ноҳияи Рӯшон навсозии роҳ бо маблағгузории қариб 2,5 миллиард сомонӣ оғоз ва лоиҳакашии навсозии роҳ аз Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон дар масофаи зиёда аз 200 километр оғоз гардид. Боиси ифтихор аст, ки шоҳроҳи Абрешим тибқи баҳогузории коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар қатори даҳ мавзеи беҳтарини сайёҳӣ ҷо дода шудааст.
Ҳамзамон, дар шаҳри Кӯлоб 32 километр қитъаи роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин”, дар ноҳияи Хуросон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе - Бохтар” бо дарозии беш аз 75 километр, дар ноҳияи Муъминобод 41 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии “Кӯлоб-Муъминобод”, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Хамадонӣ 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди “Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом” бо дарозии 50,5 км ва дар ноҳияи Нуробод бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и роҳи мошингарди “Роғун - Обигарм - Нуробод” идома доранд.
Дар раванди расидан ба ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат дар муддати кӯтоҳ 270 адад неругоҳи барқии обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуд ва тавассути кашидани хатти интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд. Аз ҷумла, зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” ба фаъолият оғоз намуданд, ки шиддати онҳо 110 кВ буда, дар ҳар кадоми он ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт насб карда шудааст. Татбиқи лоиҳа то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст, ки он тавоноии “Помир Энерҷӣ”-ро бештар мегардонад. Истифодаи зеристгоҳҳои мазкур имкон медиҳад, ки интиқоли неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъмин карда шавад.
Ҷиҳати расидан ба ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо саъю эҳтимом ва дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат раванди барқароргардии боғҳои куҳна ва бунёдкунии боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ оғоз ёфта, айни замон идома дорад. Бо ибтикори Сарвари давлат дар вилояти Суғд Фермаи парандапарварии ҶММ “Мурғи Шаҳристон” бо 25 ҷойи корӣ, Корхонаи парандапарварии ҶММ “Файзи саҳар” бо 30 ҷойи корӣ, ҶММ “Парандапарвар-2017” бо 40 ҷойи корӣ, Корхонаи парандапарварии ҶММ “Суғд-саноат-паранда” бо 25 ҷойи корӣ, дар вилояти Хатлон Комплекси чорводории ҶММ “Мармарӣ” барои парвариши 3500 сар чорвои калон бо 300 ҷойи корӣ, Комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶММ “Мармарӣ” бо 160 ҷойи корӣ, Корхонаи парандапарварии ҶММ “Оби Ховалинг” бо 150 ҷойи корӣ, Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” бо 25 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Нуробод Корхонаи парандапарварии “Мурғи Нуробод” барои парвариши 30 ҳазор сар мурғ бо 20 ҷойи корӣ ва дар шаҳри Душанбе забҳхонаи Комплекси агросаноатии ҶММ “Мармарӣ” бо 100 ҷойи корӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуданд.
Баҳри расидан ба ҳадафи чаҳоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як қатор корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ватанӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла:
- дар вилояти Суғд Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон ва хати нави технологии коркарди пиёз дар ҶММ “Хуҷанд - Агро”, Коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶММ “Адл” бо 70 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли ғаллаи ҶММ “Хубҷамъ-Инвест” бо 200 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли равғани растании ҶаММ “Хубҷамъ-Инвест” бо 100 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии ҶММ “Ганҷофар” бо 25 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶММ “Органик Ян” бо 300 ҷойи корӣ;
- дар вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли шифери ҶММ “Бохтар шифер”, Корхонаи истеҳсоли ҷӯроби ҶММ “Сомони Расул”, Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббии ҶММ “Ғолибҷон Холов”, Корхонаи сементбарории ҶММ “Моҳир семент” бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент ва 120 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли равғани ҶММ “Файзи Алӣ” бо 30 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶММ “Мирзо Раҷаб” бо 26 ҷойи корӣ, Коргоҳи истеҳсолӣ ва хизматрасонии Фархор бо 150 ҷойи корӣ, Корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофии деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо 150 ҷойи корӣ, ҶММ “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” бо 500 ҷойи корӣ;
- дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҶММ “Таҷ-эт” (Taj-et) бо 24 ҷойи корӣ, ҶММ “Меваҳои Бадахшон” бо 20 ҷойи корӣ, ҶММ “Карон пластр”- бо 30 ҷойи кори доимӣ;
- дар шаҳри Душанбе ҶММ “Ориё - Медикал” бо 200 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶММ “Алюмин Проф” бо 60 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодии ҶММ “Эскимо Мастер” бо 220 ҷойи корӣ ва Корхонаи ҶММ “Композит Т.А.”-ро бо 150 ҷойи кории доимӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо ҷаҳду талоши Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳои фаъоли татбиқкунандаи Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад. Дар ҷумҳурӣ махсусан ба татбиқи ҳадафи 8-ум: «Мусоидат ба рушди устувор, фарогир ва устувори иқтисодӣ, шуғли пурра ва самаранок ва меҳнати арзанда барои ҳама» эътибори махсус дода мешавад.
Ҳадафи номбурда ба устувории рушди иқтисодӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳо равона карда шудааст. Он водор месозад, ки кишварҳо тавассути истифодаи навгониҳои мухталиф ва навсозии технологӣ дар сатҳи баландтари самаранокии иқтисодӣ қарор гиранд, инчунин сиёсати пешрафтаро барои дастгирии фаъолияти истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, соҳибкорӣ, эҷодкорӣ ва инноватсия роҳандозӣ намоянд.
Ҷиҳати устуворсозии яке аз омилҳои шуғли пурмаҳсул тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии кормандони буҷетӣ батадриҷ зиёд карда шуд. Аз соли 1995 то 1 январи соли 2021 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ аз 0,92 сомонӣ то 1393,7 сомонӣ, ҳадди ақали музди меҳнат, аз 1 сомонии соли 1998 ҳоло ба 600 сомонӣ расонида шудааст.
Иқдоми дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар ҷодаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ин қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар соли 2016 мебошад. Он фарогири масоили мубрами рӯзи соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, аз қабили таъмини ҳифзи меҳнат, дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, зарурат ва аҳамияти тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва омӯзиши амалии кормандон, шуғли аҳолӣ, хусусиятҳои танзими меҳнат барои категорияҳои алоҳидаи кормандон ва шарикии иҷтимоӣ мебошад. Мазмуни бобҳои танзими музди меҳнат, баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо ба кормандон, вақти истироҳат ва вақти корӣ, шартномаи меҳнати ғанӣ ва ҷавобгӯйи талаботи муосир гардонида шудааст. Дар ин радиф, бо мақсади бо шуғли арзанда таъмин намудани аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ бо ибтикори Пешвои миллат беш аз 15 барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ қабул ва амалӣ гардидааст.
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти фарҳангии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалкунанда аст. Аввалан, қадру манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ боло бардоша шуд, сониян, ба ҳайси ҷашни умумимиллӣ ва умумибашарӣ эълон гардидани ҷашни бостонии Наврӯз ба тақвият бахшидани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамзамон, тавассути ташкилу баргузор намудани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ ба хотири пос доштани кору пайкори шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ (1994), таҷлили зодрӯзи 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995; 2015), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2011), 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ (2020) худшиносии миллии аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ, махсусан ҷавонон тақвият ёфт.
Ҷоизи таъкид медонем, ки бо ибтикори Пешвои миллат бунёд гардидану мавриди истифода қарор дода шудани биноҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, аз қабили: «Кохи Наврӯз», «Қасри миллат», «Китобхонаи миллӣ», «Наврӯзгоҳ», «Душанбе-Плаза», «Боғи Ирам», «Осорхонаи миллӣ», қасри «Оли Сомон», муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва майдони «Истиқлол» падидаи воқеан ҳам таъсиргузор ба ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандони кишвар маҳсуб меёбад. Нақши чунин ибтикори арзишманди Пешвои миллат дар таҳкими рукни фарҳангии Истиқлолияти давлатӣ беназир мебошад.
Тоҷикистони имрӯза дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ҳаллу фасли масоили мубрами аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Бо ибтикор ва азму пайкори Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро барқарор намудааст ва узви комилҳуқуқу фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.
Бо шукргузорӣ аз пешравиҳои кишвари азизамон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сидқан бояд эътироф кунем, ки ҳамаи ин комёбиҳои басе назаррас самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва азму талоши хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон,
номзади илмҳои сиёсӣ, директори Муассисаи давлатии
“Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”