15 уми марти соли 2023 муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ - раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё, сардори Сарраёсати омӯзишгоҳҳои озод ва ширкатҳои мардумии созмон Муҳаммадҳобӣ Ҳабибмочиёнӣ ва сардори Сарраёсати омӯзиши техникӣ ва касбии вилояти Форс Реҳом Қиёмӣ аз сохторҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва маконҳои таърихӣ дидан намуданд. Ҳайати меҳмононро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло ҳамроҳӣ намуд.
Зимни боздид аз МДТ “Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб” фаъолияти муассиса муаррифӣ шуда, меҳмонон бо заминаҳои моддию техникӣ шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар литсейи мазкур барои ихтисосҳои омӯхташаванда тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Муассиса барои 100 нафар хобгоҳи замонавӣ дошта, хонандагон аз рӯйи 8 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар муассисаи мазкур онҳо бо ихтисосҳои “Тракторчи мошинисти истеҳсолотӣ кишоварзӣ бо иловаи ронандаи дараҷаи “С”, “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасони таҷҳизоти барқӣ”, “Занбуриасапарвар”, “Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқи автомобил”, “Дӯзанда”, “Системаи компютерӣ ва интернет-техналогия”, “Ронандаи автомобил” ва “Ҳисобдор бо донистани кор дар компютер”-ро аз худ менамояд.
Ҳайати меҳмонон ба равади таълиму тарбия дар муассиса мароқ зоҳир намуда, ихтисосҳои омӯхташавандаро ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ арзёбӣ намуданд.
Дар идома меҳмонон аз макони таърихӣ ва сайёҳии осорхонаи қалъаи Ҳулбук, ки дар ноҳияи Восеъ ҷойгир аст ва оромгоҳи мутафакири барҷастаи тоҷику форс Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дидан намуда, бо гузаштаи таърихи пурғановати халқи тоҷик бо хабар шуданд.
Меҳмонон таассуроти худро аз боздиди аз осорхонаи қалъаи Ҳулбук ва дар китоби хотироти осорхонаи мазкур баён доштанд.