img
ФАЪОЛИЯТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар шароити пурташаннуҷи ҷаҳонишавӣ ва ташаккули равандҳои гуногуни сиёсӣ таъмини амнияти миллӣ, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки ҳимояи манфиатҳои давлатӣ масъалаи муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад.

 

Манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, зиддият ва низоъҳои сарҳадӣ байни кишварҳои ҳаммарз, инчунин муносибати бешуурона ва бераҳмонаи инсон ба табиат боиси ба амал омадани ҳар гуна хатару ҳодисаҳои мураккаб дар ҷаҳон гардида, ин таҳдидҳо таъсири манфии худро на танҳо ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд.

 

Имрӯз кишвареро пайдо кардан мушкил аст, ки дар он гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, миллату халқияти мухталиф бо маданияту анъанаҳои ба худ хос зиндагӣ надошта бошанд. Бинобар ин, роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои зиддиятноки дохиливу беруние, ки ба рушди муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо таъсири манфӣ дорад, бояд ҳадафи аввалиндараҷаи кишварҳо дониста шавад.

 

Яке аз таҳдидҳои ба амнияти давлативу миллӣ таъсиррасонанда ин сар задани моҷароҳои ҳарбиву сарҳадӣ мебошад. Бинобар ин, пешгирии моҷароҳои мухталифи иҷтимоӣ, этникӣ, пешгирии ҳиҷрати барзиёд, таҳкими пояҳои ваҳдат, рушди инкишофи ҷомеа дар заминаи манфиатҳои умумӣ вазифаи ҳукумати кишварҳо ба шумор меравад.

 

Таҳдид ба амнияти миллӣ ҳангоми ба миён омадани вазъияти номуътадил дар сарҳади давлатӣ оғоз мегардад. Таҳдиди дигар ба амнияти ҳар як кишвар ва умуман, тамоми ҷаҳон, ин зиёдшавии ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ ба шумор меравад.

 

Афзоиши чунин гурӯҳҳо бо кирдорҳои разилонаву амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ сарчашмаи барангезандаи таҳдиду зӯрӣ, расонандаи зарари вазнини руҳиву ҷисмонӣ, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, ташкилдиҳандаи низоъҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ гардидааст.

 

Бо чунин нишондодҳо терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун яке аз муаммомҳои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳои рӯйи олам гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои ғайриинсонӣ бетараф набошад.

 

Тоҷикистон низ ҳамчун як қисмати ҷомеаи ҷаҳонӣ аз фишори чунин хатару ситезаҳои глобалӣ берун набуда, бо қисме аз онҳо, аз қабили терроризми ҷаҳонӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва мушкилоти экологӣ аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ дар ҳоли бархӯрд қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ наметавонад аз тамоюлҳои инкишофи ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муассири он барканор бошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ мекӯшад, ки ҷумҳурӣ тавассути ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯза нақши назаррас дошта бошад, то ба ин васила ҳалли масоили амниятӣ, иҷтимоию иқтисодии он бо маҷмуи чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардад.

 

Дар ин росто Тоҷикистон ибтикорҳои гуногуни байналмилалиро дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди терроризму ҷинояткории фаромиллӣ, ҳалли масъалаҳои глобалии иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ ҳамаҷониба ва пайгирона дастгирӣ намуда, худ низ ҳамчун ҳаммуаллиф ва муаллифи силсилаи ташаббусҳо дар доираи созмонҳои мухталифи байналмилаливу минтақавӣ баромад менамояд.

 

Бояд зиур кард, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли силсилаи масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси исломӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ҳамоишҳои дигар сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи хоссаро ишғол менамоянд.

 

Ин ибтикорҳо ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои мубрамтарини ҷаҳони муосир хавфу ситезаҳои афзоишёбандаи терроризми байналхалқӣ, вусъати гардиши маводи мухаддир, норасоии оби тоза ва дигар мушкилиҳое, ки дар иртибот ба он эҷод шудаанд, ба яке аз самтҳои муҳим ва самараноки сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтаанд.

 

Дар иртибот ба хислати фаромиллии терроризм аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд гардидааст, ки муборизаи муваффақона бар зидди ин зуҳурот бидуни талошҳои муштараки минтақавию байналмилалӣ ғайриимкон мебошад.

 

Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта масъалаи вусъати таҳдиди терроризмро дар иртибот ба вазъи минтақа ба маърази баррасии Созмони Милали Муттаҳид бароварда буд, минбаъд низ тавассути ин ва дигар созмонҳои минтақавӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба ҳалли дастҷамъонаи он ҷалб менамуд.

 

Сарвари Тоҷикистон 24 октябри соли 1995 зимни Иҷлосияи 50-уми Маҷмааи Умумии СММ изҳор дошта буд, ки «неруҳои сулҳовари Созмони Милали Муттаҳид дар сурати ҳамкории он бо созмонҳои минтақавӣ, метавонад ба маротиб афзоиш ёбанд ва пеш аз ҳама дар роҳи пешгирӣ, хомӯш кардан ва танзими ихтилофоти низомӣ, мубориза алайҳи терроризм, зуҳуроти радикалии равияҳои мухталифи бунёдгаро хизмат кунанд».

 

Дар иртибот ба ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмонҳои зикршуда ҷиҳати куллан тағйир додани вазъ дар ин самт пайваста маҷмуи тадбирҳоро пешниҳод менамояд, ки муҳимтарини онҳоро зикр кардан бамаврид аст:

 

Таъсис додани Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ. Азбаски терроризм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии муштарак маҳз таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид ва нақши пешбари он сурат гирад. Ба ин мақсад зери сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ, ки дар Эъломияи Маккаи Мукараммаи Созмони Конфронси исломӣ дарҷ ёфта буд, зарур аст. Дар ҳайати сохтории он бояд воҳидҳои маъмурӣ, иттилоотиву таҳлилӣ, иктишофӣ, назоратӣ-молиявӣ ва назоратӣ-таблиғотӣ амал намоянд.

 

Қабули Аҳдномаи муштараки умумиҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм. Терроризм дар ягон намуд ва шакл боиси дастгирӣ нест. Бино бар ин, ба мақсади таъмини муборизаи қатъӣ ба муқобили терроризми байналмилалӣ қабул намудани Аҳдномаи муштараки умумиҷаҳонӣ зарур буда, дар он бояд терроризм ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафҳои сиёсӣ эътироф гардад.

 

Аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ таҳия ва роҳандозӣ намудани барномаҳои фарогири кумаки иқтисодию иҷтимоӣ ва технологию иттилоотӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар мубориза бар зидди терроризм танҳо бо истифода аз нерӯи ҳарбӣ ба натиҷаи дилхоҳ ноил шудан ғайриимкон аст. Комилан решакан намудани ин зуҳуроти ҷиноӣ таҳия, қабул ва татбиқи барномаи фарогиреро тақозо мекунад, ки дар он роҳандозии тадбирҳои дастҷамъона дар соҳаҳои амниятӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ ба таври мутаносиб пешбинӣ карда шаванд.

 

Дар доираи ин тадбирҳо кишварҳои мутараққӣ бояд ҷиҳати мубориза бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат ва бекорӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд тадбирҳои воқеӣ андешида, барои таҳвили технологияҳои муосир ба ин кишварҳо ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти онҳо шароитҳои заруриро фароҳам оваранд. То он вақте, ки кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф чунин барномаи фароху созандаро таҳия ва амалӣ насозанд, раҳоӣ ёфтан аз терроризм ғайриимкон буда, он ба таври доимӣ дар радифи равандҳои номатлуби глобалӣ қарор хоҳад дошт.

 

Баланд бардоштани нақши ҳамоҳангсози Интерпол дар мубориза бар зидди терроризм. Ҷиҳати тақвияти мубориза бо маблағгузории терроризми фаромиллӣ дар баробари таъсис додани Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ баланд бардоштани нақши ҳамоҳангсози Интерпол, ки дорои шабакаи фарогир, имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи бой дар ин ҷода мебошад, зарур аст.

 

Ба ин мақсад бояд дар Оинномаи ин созмон ҳуқуқи гузаронидани амалиётҳои байналмилалии полисӣ бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккил, нашъаҷаллобӣ ва поксозии маблағҳои ғариқонунии пулӣ пешбинӣ карда шавад. Барои татбиқи ин матлаб монеаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд, зеро он дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, ки аз ҷониби 150 кишвари ҷаҳон имзо шудааст, дарҷ гардидааст.

 

Ташкил намудани маъхази умумии маълумот ва шабакаи муштараки иттилоотӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм. Асри XXI асри инқилоби технологияҳои иттилоотӣ маҳсуб меёбад ва мутаассифона аз рушду нуму ва дастовардҳои он қувваҳои ифротгаро барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷинояткоронаи худ ҳамаҷониба истифода мебаранд.

 

Ин пеш аз ҳама ба туфайли рушди технологияҳои ҳозиразамон афзоиш ёфтани василаҳои нави ҷанги иттилоотӣ ва зиёд шудани имкониятҳои мухобиротии гурӯҳҳои мухталифи террористӣ вобаста мебошад. Болоравии нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир дар ҷодаи мубориза бо терроризм тақвият бахшидани ҳамкориҳои идораҳои махсуси кишварҳои гуногунро тақозо мекунад. Дар доираи ҳамкории онҳо ташкил намудани маъхази умумии маълумот ва шабакаи муштараки байналмилалии иттилоотӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳия ва қабули усулҳои муассири зиддитеррористӣ, аз ҷумла василаҳои иттилоотии муқовимат ба он талаботи замон мебошад.

 

Муқовимат алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Инсоният ба асри XXI дар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки яке аз мушкилтарин масъалаҳои ҷаҳонӣ – мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қадам гузошт. Масъалаи мазкур, ки тайи даҳсолаҳо арзи вуҷуд дорад, дар марҳилаи кунунӣ бо пайдо намудани хислати глобалӣ бидуни истисно барои тамоми кишварҳои ҷаҳон хатари бузургеро эҷод намудааст.

 

Дар баробари ин имрӯз дар саросари дунё тамоюли тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии байналмилалӣ мушоҳида мегардад. Бо назардошти вазъи зикргашта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари терроризм ва савдои ғайриқонунии силоҳ аз зумраи он зуҳуроте мебошад, ки боиси изтироби ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст.

 

Масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва транзити он на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои минтақа хос мебошад. Аз ин рӯ ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди ин зуҳурот дар шаклҳои гуногуни минтақавӣ, алалхусус Созмони ҳамкориҳои Шанхай, яке аз ҷузъҳои муҳими сиёсати Тоҷикистон дар ин самт ба шумор рафта, ҷиҳати тақвияти онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас пешниҳод карда мешаванд.

 

Аз ҷумла, моҳи августи соли 2008 Сарвари кишвар дар Саммити душанбегии СҲШ пешниҳод намуд, ки дар заминаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ, инчунин Маркази таълимии махсусгардонидашудаи тайёр намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ташкил карда шаванд.

 

Дар маҷмуъ, мушкилоти кишварҳои алоҳида дар муқобили зуҳуроти мазкур ба он вобаста аст, ки онҳо хислати фаромиллӣ дошта, аз байн бурданашон имкониятҳои васеи сиёсӣ ва иқтисодию молиявиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ҳалли чунин масоил бидуни талошҳои дастҷамъона дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконнопазир буда, ибтикори кишварҳои манфиатдорро дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати баррасиву таҳқиқ ва роҳандозии тадбирҳои муштарак тақозо дорад.

 

Фарзона Маҳмудова

магистри зинаи магистратураи Мактаби давлатдории

Эмомалӣ Раҳмон, Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

17.10.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ