Нимаи дуюми рӯзи 4 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода бо раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баргузор гардид.
Дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер қайд намуд, ки марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуда, сохтмони роҳҳову хонаҳои баландошёна, коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун ба таъсиси ҷойҳои кори нав муосидат менамоянд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин аз қабули Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ёдовар шуда, моҳият ва механизми татбиқи ин ҳуҷҷати муҳимро ба ҳозирин баён дошт.
Раисони ноҳияҳои ВМКБ ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таклиф ва пешниҳодҳои худро барои мусоидат ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир, сафарбаркунӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, мубодилаи таҷриба байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул манзур намуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ пурра омухта шуда, ҳар кадом дар алоҳидагӣ ҷиҳати дастгирӣ ба шарикони рушд пешниҳод мегардад.
Иичунин, зимни таҳияи Барномаи минтақавии шуғли пурмаҳсул дар ВМКБ бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии вилоят ба инобат гирифта мешаванд.