Дар тақвими истеҳсолӣ ҳисобу китоби вақти корӣ бо назардошти ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ бо ду рӯзи истироҳатӣ, бо моҳҳо, семоҳаҳо ва маҷмуан барои соли 2023 бо меъёри 40, 35, 24 ва 18 соатаи ҳафтаи корӣ оварда шудааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзҳои ғайрикорӣ (ид) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъди рӯзи ид гузаронида мешавад.
Ҳамин тавр, дар соли 2023 рӯзҳои 1 январ ва 9 сентябр ба рӯзҳои истироҳат рост меоянд, аз ин рӯ рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъди рӯзи ид гузаронида мешавад, яъне ба 2 январ ва 11 сентябр.
Ҳамзамон, дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2022, №566 “Дар бораи гузаронидани рӯзи истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2023” рӯзҳои истироҳатии 18 март, 6 май ва 24 июн мутаносибан ба рӯзҳои 20 март, 8 май ва 26 июн гузаронида шуданд.
Мутобиқи тартиби амалкунандаи меъёри вақти корӣ дар давраи муайяни тақвимӣ (моҳ, семоҳа, сол) аз рӯи ҳисоби ҷадвали панҷрӯзаи ҳафтаи корӣ бо ду рӯзи истироҳатӣ дар рӯзҳои шанбе ва бозор бо назардошти давомнокии зерини рӯзи корӣ (баст) амалӣ карда мешавад:
Аз рӯи ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ:
Аз рӯи ҳафтаи шашрӯзаи корӣ:
- ҳангоми ҳафтаи 40-соатаи корӣ - 6,6 соат;
- ҳангоми ҳафтаи 35-соатаи корӣ – 5,8 соат;
- ҳангоми ҳафтаи 24-соатаи корӣ - 4,0 соат;
- ҳангоми ҳафтаи 18-соатаи корӣ - 3,0 соат.
Дар арафаи рӯзҳои ид (ғайрикорӣ) ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ барои ҳамаи кормандон на камтар аз як соат кӯтоҳ карда мешавад (моддаи 76 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар соли 2023 ин рӯзи 8 сентябр рост меояд.
Мисол: Дар моҳи январи соли 2023 ҳангоми ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ бо 1 рӯзи ид - истироҳатӣ 21 рӯзи корӣ ва 9 рӯзи истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Меъёри вақти корӣ дар ин моҳ ташкил медиҳад:
Дар соли 2023 ҳангоми ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ бо 12 рӯзи ид- истироҳатӣ, 248 -рӯзи корӣ ва 105 рӯзҳои истироҳат мебошад.
Меъёри вақти корӣ дар соли 2023 бо назардошти панҷрӯзаи корӣ дар як ҳафта чунин аст: