img
ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ҚАРЗДОРИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД


Имрӯз, 18 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи  ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат таҳти роҳбарии вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода баргузор гардид. 


Қайд гардид, ки масълаи пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон ва бартарафсозии қарздории музди меҳнати кормандон зери таваҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва аз ин ру моро зарур аст дар ин самт чораҳои дахлнопазир андешем.

 

Дар ҷаласа аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир ба вазъи пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои вилояти Суғд гузориш дода шуд. Инчунин дар он шарикони иҷтимоӣ: Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ва муовини Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Қаҳоров Нурулло иштирок намуда, вобаста ба татбиқи чорабиниҳо дар ин самт ва тақвияти ҳамкориҳо  баромад намуданд. 

 

Ҳамзамон, дар ҷаласа муовини Раиси ситоди доимоамалкунандаи вилояти Суғд – Муовини раиси вилоят Анвар Яқубӣ ва раисони ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод ва Ашт, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла молия, саноат ва технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, хадамоти алоқа ва намояндагон  ташкилоту муассисаҳои қарздории музди меҳнат дошта иштирок намуда вобаста ба фаъолияти худ дар самти баратарафсозии қарздории музди меҳнат ҳисобот доданд.


Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта механизмҳои нав ва дарёфти роҳҳои нави бартарафсозии қарздории музди меҳнат, аз ҷумла дар доираи барномаҳои нави соҳавӣ, ҷалби сармоягузории хориҷиву дмеҳнатва таъмини рушди бемайлони ташкилоту муассисаҳо ва дар ин замина, аз даромади бадастомада дар навбати аввал бартараф намудани қарздории музди меҳнат дастуру супоришҳо дода шуданд.
 

21.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ