img
САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Дар давоми солҳои истиқлолият мардуми заҳматкаши ноҳияи Қубодиён дар қатори дигар сокинони кишвар барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон садоқатмандона кору фаъолият намуда, бахусус, дар самти ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми сазовори худро гузошта истодаанд.

 

Рушду тараққиёти ноҳияи Қубодиён ва беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии сокинони он дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати вусъат бахшидани амалҳои созанда дар ноҳия пайваста чораандешӣ мешавад. Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати кишвар дар доираи барномаҳои давлатӣ ба таъмини рушди бахшҳои гуногуни ноҳия таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

 

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва таълимию тандурустӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулоти ғизоӣ  ва вазъи рӯзгори мардуми ноҳия сафари корӣ анҷом дод.

 

Дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” аз вазъи муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ дидан намуд.

 

Ҳамчунин, зимни сафари корӣ Гулнора Ҳасанзода дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои ҷамъоварии ҳосили пахта ва коркарди он дар корхонаҳои пахтатозакунӣ, фаъолияти гармхонаҳои доимоамалкунанда, ҷамъоварии хӯроки чорво ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии деҳқонии ноҳия ба ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳосили пахта аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

 

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода таъкид намуд, ки дар ин шабу рӯз кишоварзони ноҳия бо истифода аз обу ҳавои мусоид барои пурра ҷамъоварӣ намудани пахтаи боқимонда ва супоридани он ба корхонаҳо тамоми имконоти мавҷударо истифода намоянд.

 

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бомаром идома дорад. Густариши корҳои ободонӣ дар ноҳияи Қубодиён низ гувоҳи он аст, ки сокинони меҳнатқарин барои таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

 

Гурӯҳи корӣ зимни сафар аз рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ин ҷашни муқаддаси миллӣ шинос шуда, дар ҷараёни  боздид аз корҳои сохтмонӣ дар ноҳия Гулнора Ҳасанзода ба сохтмончиёну пудратчиён барои босифату ба талабот ҷавобгӯ ва дар вақти муайянгардида ба истифода додани онҳо  маслиҳату тавсияҳои судманд дод.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ноҳия, собиқадорон, омӯзгорон, табибону кишоварзон ва фаъолони ноҳия мулоқот доир намуд.

 

Инчунин зимни сафар ба ноҳияи Қубодиён Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода аз ёдгории таърихӣ-фарҳангии шаҳристони Тахти Сангин, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 2500- солагии ёдгорӣ қарор дорад боздид намуд. Зимни сафар роҳбарият бо ёдгорӣ, ҳафриёти бостоншиносӣ ва дигар корҳои анҷомёфта, аз ҷумла болопӯшнамоии ҷузъии ёдгорӣ аз наздик шинос гардид.

 

Шаҳраки Тахти Сангин ба асрҳои IV то мелод-III мелодӣ мансуб буда, таҷассуми маданияти элинӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри замони антиқа бо сабки юнонӣ сохта шудааст. Ин ёдгорӣ дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳали ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.

 

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар рафти мулоқот аз сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободкорию созандагӣ боз ҳам вусъат дода, ба ҳамин васила сатҳи зиндагии худро низ беҳтару хубтар гардонанд.

 

 

06.10.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ