ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - САҲИФАИ ЗАРРИНИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН
https://www.facebook.com/share/p/1ES5VgSrfT/
Дар таърихи ҳар миллати соҳибтамаддун саҳифаи пурарзише ҳаст, ки башоратдеҳи иқдоми неку хирадмандона ба нафъи халқу Ватан маҳсуб меёбад ва барои насли ояндаи Ватан ҳамсони чароғи ҳидоят хизмат мекунад. Барои миллати тоҷик 27 июни соли 1997, рӯзи дар шаҳри Маскав ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чунин саҳифаи заррин мебошад. Созишнома барои мардуми тоҷик пайғоми ҷонбахше аз фарорасии сулҳи деринтизор буд ва хурду бузурги ҷумҳурӣ онро ҳамчун як санади сарнавиштсозу сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат пазируфт. Ин рӯзи муборак дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи "Рӯзи ваҳдат" маъмул гардид. Пешвои муаззами миллат дар Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ махсусан таъкид намуданд: “Ба ин рӯзу ба ин санад ихлос кардану меҳр бастани мардуми мо бесабаб нест.
Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезин душманони дохилию хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсӯз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ мерасад. Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.” Ҳамзамон, Сарвари раиятпарвар ва ҳақиқатпараст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд намуданд, ки омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста мебошад.
Аммо дар ин росто, мо набояд аз ҷаҳду талошҳои пайгирона ва собитқадамонаи худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар кунем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуда буд, бар асари тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва натиҷаи он ятим гардидани ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ва гуреза шудани мардум шуд. Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Нахустин суханони Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ чунин буданд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».
Рӯзи 8 декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик бо чунин суханон муроҷиат намуданд: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад». Азму субот ва иқдоми сулҳхоҳонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор меваи шаҳдбор ба бор оварданд. Гуфтушунидҳо бо мухолифон дар давлатҳои Афғонистон, Эрон, Русия ва Покистон натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Кулли ҷомеашиносон, коршиносон ва сиёсатмадорони ватаниву хориҷӣ тасдиқ мекунанд, ки маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки оташи моҷароҷуиву нофаҳмоиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин гардад. Ҷоизи қайд аст, ки дар марҳалаи кунунӣ ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои зиёди ҷаҳон қарор гирифтааст. Ваҳдати миллӣ заминаи устувори рушду шукуфоии имрӯза ва ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ин ҳақиқати бебаҳсест. Таърихи даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон собит месозад, ки сулҳу амонӣ, дӯстии пойдор ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таконбахшу тақвиятбахши рушди бемайлони тамоми соҳаҳои кишвар мебошанд.
Барқароршавии сулҳу субот ва ризоияти миллӣ истиқлолияти Тоҷикистонро устувортар гардонд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони васеи татбиқи Барномаҳои руши иқтисодии кишварро ба даст овард. Бунёди шоҳроҳи Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Қулма — Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб, нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, туннели Анзоб ва ғайра гувоҳи онанд, ки таъмини сулҳу суботи комил заминаи басе мусоид барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон мебошанд. Яке аз дастовардҳои беназири кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани ҷумҳурӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил ёфтани он мебошад. Таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои ҳушсифат ва баъдан масъалаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, ки ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегии рушди ҷомеа эътироф ёфт, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ, ғамхору ҷонфидои миллати тоҷик аст.
Худро тавонист, ки ба сифати лидери воқеии тоҷикон, бунёдгузори ваҳдати миллӣ, асосгузори мактаби навини сиёсӣ ва худшиносии миллӣ муаррифӣ намоянд. Ҳамин тариқ, метавон хулоса баровард, ки Ваҳдати миллӣ тавонист ба сифати омили таҳкимбахши истиқлоли давлатӣ баромад намояд. Ваҳдати миллӣ суботи сиёсиро таъмин намуда, барои устувории фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ замина фароҳам овард; ба он мусоидат кард, ки тавассути ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни ҷомеа ихтилофҳо аз байн бардошта шаванд ва сулҳу субот таҳким ёбад. Ҳамзамон, ба туфайли расидан ба Ваҳдати миллӣ барои ҳифозат ва рушди арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанг ва ташаккули ҳувияти миллӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Моёншо Маҳмадбекзода - директори МД Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ