img
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ВАЗОРАТ

24 июни соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода кормандонро табрику таҳният намуд.

Таъкид гардид, ки соҳиб шудан ба давлатдорӣ ва истиқлолият ин воқеаи сиёсии таърихӣ ва ифтихори ҳар як халқу миллат аст.

Номбурда саҳми Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ бузург арзёбӣ намуда, барои ҳифзи ин дастовард ва ҳимояи манфиатҳои халқу давлати худ ва арзишҳои миллӣ даъват ба амал овард.

24.06.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ