img
Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид. 

Мо ин кирдори зӯроварии ғайрииинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

 

23.03.2024
http://www.president.tj/node/32986

23.03.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ