Бо мақсади пурзӯр намудани раванди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, мубориза бар зиддӣ нашъамандӣ ва гардиши маводи мухаддир, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузор намудани семинарҳои доимоамакунандаи омӯзишӣ, корҳои таблиғотию машваратӣ дар байни субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар ва ҷалби қувваи корӣ ба ҷумҳурӣ машғуланд, ба таври мунтазам тадбирҳои самарабахш татбиқ карда мешаванд.
Дар ин радиф аз ҷониби масъулини сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фурудгоҳҳои байналмилалӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста роҳандозӣ мегарданд.
Танҳо дар як худи соли ҷорӣ дар ВМКБ 173 вохӯрӣ бо ҷалби 3787 нафар, вилояти Хатлон 687 вохӯрӣ бо иштироки 55184 нафар, вилояти Суғд 395 вохӯрӣ бо теъдоди 32773 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 406 вохӯрӣ бо шумораи 22341 нафар ва шаҳри Душанбе 230 вохӯрӣ бо фарогирии 16735 нафар шаҳрвандон ташкил карда шудаанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар бо мақсади пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд бардоштани сатҳи тайёрии пеш аз сафари онҳо 767 вохӯрӣ бо ҷалби 59697 нафар, дар маҷмӯъ 2658 вохӯрӣ бо фарогирии 190 517 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ташкил ва баргузор карда шудаанд. Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъияти тоҷикон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии сироятшавии муҳоҷирони меҳнатӣ аз касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили пешгирии шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз гардиши маводи мухаддир ва савдои одамон ҳангоми будубош дар Федератсияи Россия, пайваста мулоқоту вохӯриҳоро доир менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳия ва татбиқ намудани барномаи пешгирикунандаи дохилиидоравии зидди нашъамандӣ, тақвият бахшидан ба корҳои иттилоотӣ ва таблиғотии вобаста ба пешгирӣ ва паҳншавии маводи мухаддир, дар сохторҳои зертобеи вазорат мақолаҳои таҳлилии дар нашрияҳо интишоргардида паҳн карда мешаванд.
Дар баробари ин, ба воситаи мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар машғулиятҳои дарсҳои кушоди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва вохӯриҳои кормандони вазорат бо ҷалби мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир ба мавзӯи “Ангезандаи вабои аср” ва “Истифодаи маводҳои нашъадор қатъиян манъ аст”, “Ншаъамандӣ-омили харобиовари ҷомеаи солим” ва “Ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирии онҳо аз нашъамандӣ” силсилаи сӯҳбатҳо гузаронида шудаанд.
Зимни баргузории сӯҳбату мулоқотҳо махсусан таъкид мегардад, ки ашхоси нашъаҷаллоб ва истеъмолкунандагони маводи мухаддир аз ҷумлаи зиёновартарин табақаи ҷомеа маҳсуб ёфта, барои солимии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, зарари калон мерасонанд. Метавон гуфт, ки нашъамандон манбаи коҳишёбии ахлоқ, сарчашмаи пайдоиш ва рушди бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла бемориҳои ҷинсии даҳшатнок, аз қабили ВИЧ/СПИД, ки имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, инчунин, манбаи афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа мебошанд. Нашъа ё маводи мухаддир, чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда, инсонро ба носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад.
Аз ҷониби Муассисаҳои давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ва “Маркази таълимӣ – методӣ ва мониторинги сифати таълим”дар байни муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон семинар – машваратҳо, вохӯриҳо дар мавзӯъҳои пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши маводи мухаддир, таҷовуз ба номус, савдои одамон, зӯроварӣ, худкушӣ, танфурӯшӣ ва дар ин замина баланд бардоштани тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ғайра доир гардида, инчорабиниҳоминбаъд низ бомаром идома хоҳанд ёфт.
Ҳамин тариқ, дар самти тарбияи ҳуқуқии хонандагон чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла дарсҳои тарбиявӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии системаи вазорат дар мавзӯъҳои “Нашъамандӣ - вабои аср”, “Ҳуқуқ ва вазифаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ”, ва “Қоидаҳои дохилии муассисаи таълимӣ” ҳамеша доир карда мешаванд, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки падару модарон баргузор мегарданд ва ҳуқуқу вазифаҳои ҷавонон, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи экологӣ, роҳҳои пешгири кардани дуздию авбошӣ, ғоратгарӣ, хариду фурӯши одамон мавриди омӯзиш, таҳлил ва арзёбӣ қарор мегиранд.
Исоев Абдуқаюм
Самутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон