img
САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

апрели соли 2023 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо кормандони сохторҳои вазорат ҷаласаи корӣ доир намуд, ки дар кори он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок намуд.

Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти сохторҳои вазорат дар вилояти Суғд дар  семоҳаи якуми соли ҷорӣ баррасӣ гардида, роҳбарият ва кормандони сохторҳои вазорат дар вилоят - сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, хадамотҳои муҳоҷират, назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва филиалҳои муассисаҳои давлатӣ, доир ба натиҷаҳои фаъолияти  сохторҳои  худ гузориш ва ба пурсишҳо посух  доданд. Аз ҷониби вазир барои тақвияти фаъолияти сохторҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ҳамзамон, Гулнора Ҳасанзода аз  фаъолияти сохторҳои вилоятӣ, литсейҳои политехникӣ ва сохтмони шаҳри  Хуҷанд дидан намуда, ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида истодааст, шинос шуд.

 

07.04.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ