Санаи 16 сентябри соли 2022, таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмадуллозода Нурулло ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ - Холов Абдураҳмон оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо иштироки, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои хониши идоравӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои халқу миллати тоҷик гавҳарест ноёфт, муқаддас ва хеле арзишманд, ки онро гузаштагони мо садсолаҳо интизорӣ доштанд. Ин бахту саодатмандӣ ва иқболи баланди мо аст, ки дар се даҳсолаи охир ба неъмат насиб гардидем.
Дастёбӣ ба ин гавҳар-Истиқлол ҳастии мо-зодагони ҳамин марҳилаи ташаккулёбиро ҷовидон нигоҳ медорад ва ҳамчун таърихи бадастории Истиқлол аз насл ба насл боқӣ мегузорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши бориз дошта, татбиқи барномаҳои он ба тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистони азиз равона гардидаант.
Дар нишасти мазкур аз ҷониби Холов Абдураҳмон, инчунин доир ба низоми ҳизбҳои сиёсӣ, таърихи ташаккул ва аҳамияти он дар рушди давлатдории навини тоҷикон ба ҳозирин маълумоти муфид манзур гардид.