Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023”, ки таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» бо кадрҳои коргарӣ ва мутахассисони зарурӣ вазифагузорӣ карда шуд, дар вазорат Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» бо кадрҳои коргарӣ таъсис дода шуд.
Тавре хабар дода будем, ҷаласаи нахустини ситод 3 феврали соли 2023 таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода баргузор гардида, вазифаҳои аъзои ситод муайян ва протоколи дахлдор доир ба фаъолияти минбаъда ба тасвиб расид.
Дар таърихи 20 феврали соли равон гурӯҳи кории вазорат таҳти роҳбарии вазир аз ҶСК «НБО Роғун» боздид намуда, бо шарту шароитҳои кориву истироҳат ва маишати бунёдгарони НБО Роғун шинос шуданд ва доир ба ҳамкориҳо вобаста ба ҷалби неруи корӣ ва ташкили таҷрибаомӯзӣ хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ин иншоот бо роҳбарияти ҷамъияти мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.
Айни замон фаъолияти Ситод тақвият ёфта, ситодҳои ҳамсон, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаҳо баргузор намуда, тавассути ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод корҷӯёнро барои кор ба ҶКС “НБО Роғун” сафарбар намуда истодаанд.
Рӯзи 24 феврали соли равон ҷаласаи ситоди мазкур дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А., намояндагони вазоратҳои адлияи, мудофиа, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, донишгоҳҳои техникии ба номи М. Осимӣ ва технологии Тоҷикистон, филиали Донишкадаи энергетикии Москва, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаи ҷалби кормандон ба ҶСК «НБО Роғун»-ро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ иброз доштанд.
Қайд гардид, ки мувофиқи маълумоти дастрасшуда аз ҶСК “НБО Роғун” дар айни замон ширкатҳои сохтмонии ин иншооти муҳим ба зиёда аз 8 ҳазор нафар мутахассис ва корманди оддӣ эҳтиёҷ доранд.
Корҳо ҷиҳати сафарбаркунии корҷӯён ва мутахассисон ба бунёди «НБО Роғун», ки барои Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, ҷиҳати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ нақши калидӣ хоҳад дошт, идома меёбанд.