img
Боздиди меҳмонон аз МДТ “Литсейи касбии техникии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе” ва МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”

Дирӯз 13 уми марти соли 2023 муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МДТ “Литсейи касбии техникии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе” ва МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” ташриф оварданд. Меҳмононро дар муассисаҳои мазкур бо расму оини миллӣ истиқбол намуданд.

Зимни боздид аз МДТ “Литсейи касбии техникии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе” меҳмонон бо синфхонаҳо ва устохонаҳои таълими истеҳсолӣ аз рӯи ихтисосҳои омӯхташаванда шинос шуда, бо хонандагони гурӯҳҳои “Туроператор”, “Ошпаз-қаннод” суҳбат намуданд. Бо роҳбарияти муассиса доир ба табодули таҷрибаи устоҳои таълими истеҳсолӣ дар кишварҳои ҳамдигар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” ба ҷараёни таълим дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз қабили кафшергарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ дидан намуда, ба сатҳи таълиму касбомӯзӣ дар устохонаҳои таълимӣ баҳои хуб доданд.

14.03.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ