Санаи 4 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоди озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол – 2022” доир гардид, ки дар он ҳунармандон аз минтақаҳои кишвар бо пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсолнамудаи дастии худ ширкат намуданд.
Аз даври ниҳоии озмун - намоиши ҳунарҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва роҳбарияти вазоратҳо ва кумитаҳои дахлдор дидан намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки озмуни мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар 2 давр аз рӯйи 6 номинатсия: кандакорӣ ва дуредгарӣ дар чӯб (гаҳворасозӣ, қошуқтарошӣ, табақтарошӣ, армуғонсозӣ, шонасозӣ); дӯзандагӣ (гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, куртадӯзӣ); наққошӣ, рассомӣ (миниатюранигорӣ, кундалнигорӣ, хаттотӣ); кулолгарӣ, аъҷубасозӣ; бофандагӣ (атласбофӣ, адрасбофӣ, беқасаббофӣ, читгарӣ); коркарди метал (заргарӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ) аз нимаи моҳи июни соли равон оғоз шуда, дар арафаи 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Ҳунарманди сол – 2022” дар маҷмуъ, аз шаҳру ноҳияҳои кишвар 22 ҳунарманди ғолиби даврҳои якум ва дуюми сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз рӯйи 4 номинатсия ширкат варзида, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон, диплому ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.