Имрӯз, 27 декабри соли 2022 дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”- и шаҳри Душанбе чорабинии солинавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдулғаффор ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба 56 нафар тарбиятгирандагони муассисаи мазкур туҳфаҳои солинавӣ, либоси гарми зимистона ва пойафзол тақдим карда шуд.
Чорабинии фарҳангиро ҳунармандони Ансамбли ҷумҳуриявии “Лаъл”-и вазорат бо рақсу суруд рангин намуданд.
Бояд зикр намуд, ки вазорат ва сохторҳои он мунтазам дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо ба муассисаи мазкур кумак мерасонанд.