img
Хадамоти муҳоҷират: танзимкунандаи равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масоили муҳоҷират, фармону супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Нақшаи кории Хадамоти муҳоҷират ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодааст.

 

Яке аз асоситарин дастоварде, ки дар ҳоли баррасист, ин таҳияи лоиҳаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки бо мақсади дар тарҳи ниҳоӣ омода намудани лоиҳаи мазкур ва нақшаи чорабинии он қарорҳои дахлдор қабул гардида истодааст.

 

Лоиҳаи стратегияи мазкур санади ягонаи меъёрии ҳуқуқӣ буда, бори аввал дар амалия дар доираи як Стратегияи муҳоҷират ҳамаи намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ки қонунӣ дар қаламрави як кишвар ба амал бароварда мешаванд, баррасӣ карда мешаванд.

 

Бояд қайд намоям, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, «Дар бораи Хадамоти муҳоҷират» таъсиси 10 Муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муқаррар карда шудааст. Марказҳо муассисаи машваратӣ буда, фаъолияташро дар самти ташкилу расонидани машварат, омодасозӣ ва адаптатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад.

 

Аз ин лиҳоз, дар Хадамоти муҳоҷират, чор Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳамеша омодааст расонидани ёрии амалии худро тавассути курсҳои машваратию таълимӣ, пеш аз сафар – ташкили баққайдгирӣ, омӯзондани забон, таърих, ойин, фарҳанг ва қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

 

Ғайр аз ин, Марказҳо бо дастгирии Хадамоти муҳоҷират ҳамкориро бо литсейҳои касбӣ-техникии ҷумҳуриявӣ ва давлатҳои хориҷи кишвар ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ва мусоидат барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони – меҳнатӣ шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи кишвар саҳм гузоранд.

 

Аз ҷумла, бозгашт, тавассути баққайдгирии муҳоҷирони бозгашта, ташхиси тиббии онҳо, ба расмият дарории маҳорати касбие, ки онҳо ҳангоми кор дар хориҷи кишвар пайдо намудаанд, ҳамкорӣ бо мактабҳои таълимии касбӣ ва техники ҷумҳурӣ барои омӯзиши касбии онҳо, ва таъмини маълумот оид ба ҷойҳои корӣ, кумак намудан дар ҷодаи соҳибкорӣ ва гирифтани қарзҳои бонкӣ барои оғоз намудани фаъолияти соҳибкории хурд, додани кӯмаки моддӣ ва ё молиявӣ барои адаптатсияи иқтисодиву иҷтимоии онҳо.

 

Агар ҷиҳати касбомӯзӣ ва забономӯзӣ шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ сухан гуем, аз оғози сол то имрӯз аз ҷониби Марказҳои машваратӣ 1013 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ барои касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ба муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ равона карда шуданд, ки аз ин шумора 392  нафар муҳоҷирони меҳнатӣ бо касбҳои нав, 25 нафар бо забони русӣ, 566 бо забони англисӣ ва 30 нафар бо забони арабӣ омӯзонида шуданд.

 

Айни замон Хадамоти  муҳоҷират дар самти таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор дар хориҷи кишвар саъю кӯшишҳои зиёде намуда истодааст. Бо мақсади амалисозии он, айни замон аз ҷониби Муассисаи давлатӣ «Марказҳои машваратӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷалби муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои Федератсияи Россия, Бритониёи Кабир ва Ҷумҳурии Корея Созишномаҳо баста шудааст, ки мувофиқи он имтиҳони комплексӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ –шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бинои Марказ дар шаҳри Душанбе қабул карда мешавад. Ҳамзамон омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони мамлакат пеш аз сафар ба хориҷи кишвар аз ҷониби Марказҳо ройгон ба роҳ монда шудааст.

 

Мавриди зикр аст, ки аз оғози сол то имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе 497 нафар (ФР 59 нафар, Британияи Кабир 383 нафар ва Ҷумҳурии Корея 58 нафар) интиқол гардиданд.

 

Ҷойҳои кории холии дар ихтиёри Марказ мавҷудбуда дар сайти Маҳзани миллии маълумот доир ба ҷойҳои кории холии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ҷойгир карда шудааст. Инчунин, кормандони Марказҳо дар ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, ки аз ҷониби сохторҳои Агентии мазкур дар шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд, иштирок менамоянд.

 

Бояд иброз намоям, ки айни замон МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар бо мақсади пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар баӣни муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз соли равон дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар, муассисаҳои таълимӣ, ярмаркаҳои ҷоӣҳои кории холӣ ва дигар чорабиниҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ 409 вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар ин вохӯриҳо 21 ҳазору 343 нафар шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатӣ  ширкат намуданд. 

 

Зимни вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ буклетҳо ва эълонҳо оид ба ҷойҳои кории холӣ паҳн карда мешаванд. Дар ин давра аз ҷониби Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дастуру (памятка), китобчаҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо тавсияҳо ва маълумотҳо оид ба қонунгузории кишвари қабулкунанда дар соҳаи муҳоҷират бо нишон додани суроға ва телефонҳои Марказҳо чоп карда шуд.

 

Ногуфта намонад, бо мақсади бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, айни замон дар ҷумҳурӣ 35 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи Хадамот буда, барои  интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд.

 

Давоми соли 2022 аз теъдоди умумии субъектҳои интиқолдиҳанда 3067 нафар муҳоҷирони меҳнатиро муташаккилона ба хориҷи кишвар сафарбар намуда, бо ҷои кор таъмин  карда шуд.

 

Бояд тазаккур дод, ки ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" аз 3 апрели соли 2007,    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба роҳ монда, муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки барои гирифтани иҷозатнома ва иҷозат барои кор муроҷиат менамоянд, тибқи муқаррарот пура қонеъ  менамояд.

 

Вақти он расидааст, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ хуб истифода барем. Дар оянда тағйири самти муҳоҷирати беруна муҳим арзёбӣ гардида, муайян намудани давлатҳои афзалиятнок барои дарёфти корҳои мусоид ва бехатарии муҳоҷирони меҳнатӣ  вазифаи  аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

 

Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва афзоиши бемайлони аҳолӣ имконияти тамоми қувваи кориро дар бозори  меҳнати ватанӣ истифода бурданро надорад. Маҳз омили  иқтисодӣ - иҷтмоиӣ боиси ба муҳоҷират рӯ овардани шаҳрвандони кишвар гардидааст. Аз ин рӯ, муҳайё намудани фазои  хуби корӣ дар хориҷа барои шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи Хадамоти муҳоҷират мебошад. Бо ин мақсад, дарёфти  кишварҳои афзалиятнок  барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки шароити хуби кориро  фароҳам меорад, дар мадди аввали Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дода шудааст.

 

Дар  шароити имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба талаботи кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ Федератсияи Россия афзалиятноктарин давлат барои қабули муҳоҷирони  меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯз беш аз 95% - и муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар Федератсия Россия қарор доранд ва бештари онҳо ба мушкилотҳо низ рў ба рў мебошанд. Новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта  Федератсияи Россия кишвари афзалиятнок барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобида мешавад, зеро шаҳрвандони кишварамон ҷавобгў ба бозори меҳнати кишварҳои дигари қабулкунандаи қувваи корӣ нестанд. Федератсияи Россия бо ҷойдоштани проблемаҳои демографӣ ва таъмин набудани бозори меҳнат бо қувваи корӣ    дар бисёр ҳолатҳо сарфи талаботҳои ҷойдошта мекунад. Барои Ҷумҳурии  Тоҷикистон Федератсияи Россия чӣ дар кӯтоҳмудат ва чӣ дарозмуддат афзалиятноктарин давлат баҳри қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобида мешавад.

 

Аз ин рӯ, бояд дар наздиктарин мӯҳлат ба бозори меҳнати Федератсияи Россия муҳоҷирони сатҳи касбияташон баландтарро сафарбар намоем, то ки тавонанд дар оянда ҷойгоҳи махсусро соҳиб гарданд.

 

Ба ин нигоҳ накарда, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномаи баста шуда бо Кореяи Ҷанубӣ, ки яке аз давлатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ дар Осиёи Шимолу Шарқӣ ба шумор меравад, барои барқарор ва рушди муносибат дар соҳаи муҳоҷират омӯзиши хусусятиҳои бозори меҳнати Кореяи Ҷанубӣ ва ба бозори меҳнати он ҷавобгӯ кардани қувваи корӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

 

Бояд гуфт, ки механизми асосии қабули коргаронӣ хориҷӣ дар Кореяи Ҷанубӣ, танҳо тавассути  супоридини санҷиши  “EPS-TOPIK- Санҷиши Маҳорат дар Куриё” сурат мегирад.

 

Имрӯз, яке аз самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои Осиё мебошад. Имрӯз дар фазои сулҳҷуёна Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ муносибатҳои хуби дипломатиро ба роҳ мондааст. Ин аз он шабоҳат медиҳад, ки заминаҳои ҳакорӣ дўстона ба кишвари Кореяи Ҷанубӣ мавҷуд аст. Ҷомеаи  имрўзаи мо имкони тайёр кардани қувваи корӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнати Кореяи Ҷанубиро дорад.

 

Бояд арз намоям, ки дар доираи  шартномаи баимзорасида миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба шаҳри Хампёнги музофоти Ҷоланамдо 58 нафар мутахассисони соҳаи кишоварзии тоҷик ба кори мавсимӣ сафарбар гардиданд. Айни замон бо панҷ музофоти Ҷумҳурии Корея шартнома ба имзо расонида шудааст, тибқи он шаҳрвандони мо дар соҳаи кишоварзии ин кишвар ба корҳои мавсимӣ сафарбар мешаванд.

 

Дар Ҷумҳурии Корея коргарон аз ҷониби корфармо бо се вақт хӯрок ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Тибқи талаботи ин кишвар пас аз панҷ моҳ муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба ватан баргарданд.

 

Дар ин радиф, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ низ ба имзо расид.

 

Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, ки тибқи қонуни Амороти Муттаҳидаи Арабоид ба меҳнат, ки аз ҷониби Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии Амороти Муттаҳидаи Араб тасдиқ гардидааст, кору фаъолият намоянд.

 

Ёддошти тафоҳум баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии Тарафҳо эътибор пайдо намуда,  ҷалби коргарон тавассути Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони аморотӣ  ба роҳ монда мешавад.

 

Ғайр аз ин, имрӯз бештари кишварҳои Аврупо ниёз ба қувваи корӣ доранд, вале талабот ба бозори меҳнатии онҳо вобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, ичтимоӣ гуногун аст. Баъди омӯзишу таҳлилҳои сиёсати давлатии кишварҳои Аврупо дар самти танзими раванди муҳочират вобаста ба қувваи кории кишварамон Олмон ва Лаҳистон афзалиятнок шуморида мешавад. Дар ояндаи наздик имкони васъеи сафарбарии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба кишварҳои Олмон ва Лаҳистон  пайдо хоҳад шуд.

 

Фазои бозори меҳнати кишварҳои номбаршуда имконияти васеътарро барои шуғл ва корҳои арзанда фароҳам оварда, хостгории қувваи кории арзанда  мебошад. Кишварҳои зикргардида бештар дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат ба қувваи корӣ ниёз доранд ва шароити хуби кориро низ фароҳам овардаанд.

 

Инчунин, идомаи интихоб ва сафарбаркунии шаҳрвандон барои корҳои мавсимии кишоварзӣ ба Британияи Кабир дар доираи ҳамкориҳо бо ширкати «Pro-Force» сафарбаркунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хостори фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзии Британияи Кабир буда, моҳи марти соли ҷорӣ аз санҷиши намояндагони ширкати корфармо гузашта буданд, оғоз гардид.

 

Ҳамзамон, барои тавсеаи ҳамкориҳо ва таъмини бештари шаҳрвандон бо ҷои кор дар хориҷ, давоми дурӯз аст шаҳрвадоне, ки ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он барои ҷалби муташаккилонаи онҳо барои амалисозии фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар хориҷа муроҷиат карда буданд, барои шиносоӣ бо шароити кор ва мусоҳиба бо корфармоён аз ширкати «Pro-Force» ба Литсейи касбӣ - техникии нақлиёти автомобили шаҳри Душанбе, воқеъ дар шафати Маркази миллии тестӣ, даъват шудаанд.

 

Тибқи рӯйхат, шаҳрвандоне, ки қаблан номнавис шуданд, аммо аз санҷиши корфармо нагузашанд, такроран даъват шуда, дар маҷлисгоҳи Литсей, ки барои саднафар ҷои нишаст дорад, ба онҳо вазъу шароити коррнамоӣ карда мешавад.

 

Бояд тазаккур дод, аз имкониятҳои рушди ҳамкорӣ бо Британияи Кабир дар самти бо кор таъминкунии шаҳрвандон ёдоварӣ шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки зимни пайдоиши саволҳои иловагӣ, ё арзу дархостҳо шаҳрвандон метавонанд тариқи ҳузурӣ ё телефонӣ ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

 

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии  «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат давоми соли равон 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир низ сафарбар мегарданд.

 

Чизи дигареро, бояд иброз намоям, Ёддошти тафоҳум зимни мулоқоти намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Россия бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ ҷиҳати баррасии имконияти таъсис ба имзо расид.

 

Асоси ҳамкории мазкур дар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия муайян гардидааст.

 

Мавриди зикр аст, ки таъсиси намояндагии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Россия пеш аз сафар ба Федератсияи Россия мусоидат менамоянд.

 

Инчунин, 9 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Маскав «Маркази сершуғли муҳоҷират» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

 

Намояндагии маркази мазкур бо дастгирии бевоситаи сарони давлатҳо - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Москва Сергей Собянин таъсис дода шудааст.

 

Қобили зикр аст, ки ифтитоҳи намояндагии Маркази сершуғли муҳоҷират ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маскаву Душанбе мусоидат мекунад. Фаъолияти ин Намояндагӣ ба шаҳрвандони мо барои кори муваққатӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар қаламрави Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ба монанди бақайдгирии муҳоҷиратӣ, бокортаъминшавӣ дар шаҳри Москва ва вилояти онро омода намоянд. Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо идораҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ ва интихоби кормандони дорои малака ва тахассуси зарурӣ ҷиҳати кор дар лоиҳаҳои муҳимтарини шаҳри Маскав як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки механизми муассири ҷалб ва ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав таъсис дода шавад.

 

Ҳамзамон, ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират бо мақсади таъмини танзими дурусти ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароит барои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, ки ба манфиатҳои ҳар ду кишвар ҷавобгӯ мебошад, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

 

Хадамоти муҳоҷират муҳиммияти масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати аҳолиро ҳамчун омили таъсиррасон ба субботи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ комилан дарк намуда, масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, вазифаҳои ба зимааш гузошташударо сари вақт амалӣ хоҳад намуд. 

 

Имомзода Имомназар,

        муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират

15.12.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ