Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 1 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии коргарон аз анъанаҳои давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. Вале намоишҳои оммавӣ ҳоло гузаронида намешаванд ва аз соли 1917 ҳамин руз, мувофиқи рӯзҳои ҳафта муқарар шудааст.
Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон, 1 май, ҳафтаи аввали моҳи май дар 142 мамлакатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Аз моҳи июли с. 1889 дар Париж рӯзи 1 май- Рӯзи якдилии меҳнаткашон эълон гардида, коргарон аз даъват хостаанд, ки минбаъд дар ҳамин рӯз намоишҳои оммавиашонро бо талаботҳои иҷтимоӣ дар мамлакатҳояшон гузаронанд.
Дар Русия баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр соли 1917 иди номбурда дар ИҶШС ба иди расмии давлатӣ мубаддал гашта буд. Дар давраи «сосиализми мутараққӣ» дар ИҶШС, намоишҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС барои нишон додани иқтидори ҳарбии давлат ва намоишҳои коллективҳои меҳнатӣ бошанд бо шиорҳои «дастгирӣ намудани муборизаи миллӣ - озодихоҳӣ», «якдилӣ бо муборизаи инқилобии меҳнаткашон бар зидди капитализм» ва «муборизаи суботкорона баҳри сулҳ ва сохтани ҷамъияти коммунистӣ» баргузор мегардиданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомати иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрӣ ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнатро амалӣ менамояд. Вазорат ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва қоидаҳои бехатарии меҳнат бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шарикон иҷтимоӣ ва шарикони рушд фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Инчунин, Тоҷикистон Созишномаи байнидавлатии ИДМ-ро «Дар бораи ҳамкорӣ дар бахши ҳифзи меҳнат» тасдиқ намуд, ки дар он тарафайн, дорои мустақилияти пурра дар масъалаҳои ташаккул ва татбиқи сиёсати миллӣ дар бахши ҳифзи меҳнат: гузаронидани сиёсати ҳамоҳангшуда, бо назардошти меъёрҳои байналмилалии аз ҷониби умум қабулгардида оиди масъалаҳои ҳифзи меҳнат, ба мақсад мувофиқ меҳисобанд, стандартҳо ва низоми стандартҳои бехатарии меҳнатро эътироф менамоянд. Татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, ки бо амалҳои мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи корфармоён ва иттифоқҳои касаба ваколатдор шудаанд, таъмин карда мешаванд.
Мусаллам ба зикр аст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ яке аз воситаҳои таъмини суботи иҷтимоӣ, демократикунонии ҷомеа ва таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон маҳз шарикии иҷтимоӣ, ки ҳамкории муштараки мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касаба ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад. Ингуна ҳамкорӣ дар кишвари мо тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ татбиқ карда мешавад.
Вазорат дар самти муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Омӯзиш ва таҳлили муштараки вазъи шарикии иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ собит менамояд, ки дар ин ҷода пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Ба имзо расонидани созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Аз ҷумла, ба имзо расидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2026” ва “Дар бораи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024” дастовардҳои хуби ҳамкориҳо мебошад.
Маврид ба зик аст, ки дар ин давра тибқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ як қатор корҳо анҷом дода шуда, зиёда аз 54 созишномаҳои соҳавӣ ва 17 созишномаи минтақавӣ байни корфармоён ва кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба ва 2 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Инчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, № 591 «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» ба тасвиб расидааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар кишвар 33790 корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, фаъол буда, аз ин 19 ҳазору 167 корхона ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективӣ доранд, ки 91,2 фоизи онҳо бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд.
Ҷиҳати мустаҳкам намудани муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон, пардохти саривақтии музди меҳнат, таъмини шароити меҳнат, бехатарии меҳнат, пешгирӣ намудан аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот пардохти музди кори шабона, кафолатҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо корҳои назаррас ба сомон расонида мешавад. Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва локалии соҳавӣ бо шарикони иҷтимоӣ мувофиқа карда мешаванд.
Танҳо дар се соли охир сохторҳои вазорат дар ҳамдастӣ бо шарикони иҷтимоӣ аз ҷумла бо намояндагони иттифоқҳои касаба дар миқёси ҷумҳурӣ 1946 вохӯрӣ, аз ин 913 семинари машваратӣ, омӯзишӣ, дастурдиҳӣ, 612 мизи мудаввар, 486 баромад дар ВАО (186 барномаи телевизионӣ ва 279 тариқи радио) баргузор гардида, дар онҳо 5983 корхона, муассиса, ташкилот, шарикони иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо 9743 нафар намояндагонашон иштирок доштанд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти тадбиқи сиёсати давлатии самти ҳифзи меҳнат минбаъд низ ҷиҳати иҷрои рисолати вогузоршуда тадбирҳои муасирро роҳандозӣ менамояд.
Сардори шуъбаи ҳифзи
меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ
Баҳодуров Сафарбек