img
ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

Дар доираи ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар баробари бунёди биноҳои нави таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон корҳои таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳо бо таҷҳизоти наву замонавӣ вусъати тоза пайдо карда, листейҳои касбии техникии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба оғози соли нави таҳсил омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Аз ҷумла, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб” аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, як адад чоҳи амудӣ барои таъмин намудани биноҳои таълимӣ, ошхона, хобгоҳи хонандагон, устохона ва ҳудуди муассиса бо оби ошомиданӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Майдончаи варзишӣ, як адад озмоишгоҳ, устохонаҳои таълимӣ барои ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ таъмир ва бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Маркази озмоишӣ оид ба таъмири автомобилҳо ва техникаи кишоварзӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Мавриди зикр аст, ки вазорат соли ҷорӣ бо мақсади таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 41 380 адад китоб, аз ҷумла, 26240 адад китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ, 10100 адад китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ ва 5040 адад китобҳои бадеиро дастраси муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ намуд.

Китобхонаи муассисаи мазкур дорои 40 адад ҷойи нишаст буда, барои хонандагон ва омӯзгорон шароити хуби қироат ва истифода аз адабиётҳо фароҳам оварда шудааст.

Муассиса аз рӯи 12 ихтисос мутахассис омода менамояд, ки заминаи моддию техникии он мувофиқ ба талабот мебошад.

Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара 12 сентябри соли 2019 таъсис шуда, айни замон ба оғози соли нави таҳсил пурра омода мебошад ва қабули хонандагон аз рӯи ихтисосҳои омӯхташаванда идома дорад.

Дар Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар корҳои таъмирӣ дар бинои таълимӣ, толори маҷлисгоҳ ва устоҳонаҳои таълимӣ ба анҷом расида, барои ихтисоси “Системаи компютерӣ ва интернет – технология” компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус” имконияти дар як вақт ба таҳсил фаро гирифтани зиёда аз 400 нафарро дошта, барои бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар мутахассисони соҳаҳои гуногунро омода менамояд.

Айни замон муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии низоми вазорат ба оғози соли нави таҳсили 2022 – 2023 пурра омода буда, қабули хонандагон аз рӯйи ихтисосҳои омӯхташаванда идома дорад.

29.08.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ