img
«АНЪАНАИ БОФТАНИ АТЛАСУ АДРАС»

Номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба  Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид.

 

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Бояд гуфт, ки 4 декабр дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18 Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шуруъ шуд.

 

Иҷлосия то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.

 

 

Манбаъ АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

08.12.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ