img
«ДАСТИ ДУОИ МОДАР». Дар Душанбе бо иштироки занон-ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсату ҷомеа ва собиқадорони меҳнат ҳамоиши идона доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Модар бо иштироки аъзои Шурои занони сулҳовари назди Кумита, ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсат ва ҷомеа, собиқадорони меҳнат таҳти унвони «Дасти дуои модар» ҳамоиши идона доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Ҳамоиши идонаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оғоз намуда, ҳозиринро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

 

Таъкид шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону занон ва духтарони иззатманди тоҷик илҳоми тоза бахшида, далели сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик мебошад.

 

Ин ташаббусу иқдоми наҷиби Пешвои миллат, арҷгузорӣ ба шабзиндадориҳои модарон буд, ки давоми ҳазорсолаҳо барӯмандфарзандони миллатро дар оғӯши гарму нармашон аз газандҳо нигоҳ дошта, бо аллаҳои гӯшнавозу ҷонбахш ба камол расонидаандМеҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба модар буд, ки мақому манзалати Зан-Модар бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ ёфт.

 

Дар ҳамоиш ходимони давлатӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматҳои нотакрори Прзиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба даст овардани сулҳу истиқлоли комил, ваҳдату ягонагӣ ва эътибору эҳтиром гузоштан ба қадру манзалати занону духтарон ибрози андеша намуданд.

 

Монологи «Модар»-и Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Марям Исоева ва барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ идомаи мантиқии чорабинӣ гардида, ба иштирокдорон фазои идона эҳдо намуд.

 

khovar.tj

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

 

02.03.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ