Имрӯз, санаи 15 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, дар мавзӯи шарҳи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғуляти идоравӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Назаров Мансур – намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти татбиқи дурусти меъёрҳои қонуни мазкур дар амалия аз ҷумла, тартиби муроҷиат, барасмиятдарорӣ, баргузор намудани ҷашну маросимҳо, меъёрҳои муқарраршудаи иштирокчиён, масъулияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо барои риояи қонуни зикршуда ва дигар ҷанбаҳои муҳими ин масъала шарҳу тавзеҳ шуданд. Мавсуф қайд намуд, ки тибқи қонуни мазкур хизматчиёни давлатӣ барои риояи тартиби муқарраршуда, ҳангоми баргузор намудани ҷашну маросимҳо масъулияти бештар ва ҷиддиро ба зимма доранд.
Зикр гардид, ки хизматчиёни давлатии соҳаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст, ҳаматарафа кушиш намуда, меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро дар кору зиндагӣ қатъиян риоя менамоянд.