img
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ВА ЗЕРСОХТОРҲОИ ОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2025

         Санаи 13 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи вазорат ҷаласаи васеи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ бо иштироки аъзои ҳайати мушовар, роҳбарони сохторҳои вазорат дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони иҷтимоӣ баргузор гардид.

          Нахуст маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини вазир Норзода Ш. пешниҳод гардид. Сипас дар муҳокимаи масъала сардорони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, директорони муассисаҳои давлатӣ ва Марказҳои рушди малакаҳо ва касбомӯзию хизматрасонӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа посух дода, ҷиҳати тақвияти фаъолият дастур супоришҳо гирифтанд.

         Дар маҷлис масъалаҳои рафти иҷрои нақшаи дурнамои нишондиҳандаҳо дар давраи ҳисоботӣ, иҷрои барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фарогирии бештари аҳолӣ ба касбомӯзӣ, тақвияти фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо ва касбомӯзию хизматрасонӣ, омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, корбарӣ ҷиҳати таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон, назорати таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, пешигирии рух додани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026 ва дигар масъалаҳои самтҳои фаъолият баррасӣ ва муҳокима гардида, раиси маҷлис оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳо дар соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.  Аз натиҷаи баррасии масъала қарори дахлдор қабул ва протоколи маҷлис таҳия карда шуд.

14.10.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ